Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар семоҳаи аввали соли 2022 натиҷагирӣ карда шуд

Аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар семоҳаи аввали соли 2022 натиҷагирӣ карда шуд
Апрел 21
15:21 2022

Имрӯз, 21 апрели соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорат ва зерсохторҳои он дар  семоҳаи аввали соли 2022 баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони вазир Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Убайдулло Қурбон, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, Хатлон ва Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба фаъолияти вазорат дар семоҳаи аввали соли 2022 баромад намуд.

Зикр гардид, ки 21 декабри соли 2021 зимни Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дастовардҳои дигар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар нисбат ба солҳои пешин тамоюли беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, вазъи демографӣ ва тандурустии аҳолиро низ ҳамчун дастовардҳои назаррас қайд намуда, мушкилоти мавҷударо дар соҳа мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, баҳри беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ як қатор дастуру супоришҳои саривақтӣ доданд. Ин супоришҳои Сарвари давлат ҳар яки моро водор менамояд, ки тамоми имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, бо сифати баланд иҷроиши онҳоро таъмин намоем.

Номбурда иброз дошт, ки бо назардошти вазъи эпидемикии давлатҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳое, ки бо  кишвари мо робитаҳои ҳамкорӣ доранд, хушбахтона соли 2022 барои Тоҷикистон аз ҷиҳати вазъи эпидемиологии бемории сироятии коронавирус оромтар оғоз гардид, ки ин аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳа дар самти мубориза бо ин беморӣ тақозо медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон ва ҳамгироии онҳо», лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба масъалаҳои пиршавӣ ва дастгирии иҷтимоии пиронсолон барои давраи солҳои 2023-2027”, “Дар бораи Номгӯи воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон, ки таҳвил ва воридоти онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод мебошад”, «Дар бораи иваз намудани номи Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон» таҳия гардида, дар сатҳи мувофиқасозӣ бо дигар вазорату идораҳо қарор доранд.

Ҳамзамон, дар се моҳи соли 2022 дар муассисаҳои сатҳи бистаринамоӣ дар умум 38 777 амалиётҳои ҷарроҳӣ гузаронида шуда, дар ин муддат аз ҷониби ҷарроҳони кишвар дар маҷмӯъ 14  усули нави табобат пешниҳод карда шуд.

Инчунин,  дар ин давра дар самти табобати бемориҳои кӯдакон якчанд усулҳои нав ворид карда шуд, аз ҷумла дар соҳаи ортопедӣ дар амалия технологияҳои нави табобат, ба монанди ҷарроҳии сколиоз, табобати бемориҳои гуногуни нав бо усули ҳуҷайрадармонӣ, усулҳои нави эндопротезкунонии буғумҳо, ҷарроҳиҳои реконструктивӣ ҳангоми осебҳо, ҷарроҳиҳои нав ҳангоми бемориҳои ирсию модарзодӣ ворид карда шуданд.

Дар соҳаи чашм бошад, мутахассисони кишвар усули плазмолифтинг дар бемории реши трофикии қарнияи чашм ва истифодаи лазер барои гузаронидани витреолизис ва дар соҳаи ҷарроҳии асаб мутахассисон амалиёти ҷарроҳии вертебропластика бо сементи устухон, иваз намудани танаи мӯҳраҳо бо кейҷ ва ҷарроҳии клипсмонӣ дар аневризмаҳои варидҳои майнаи сарро ворид намуданд.

Дар ин давра ба 24 104 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон гузаронида  шуд, ки аз ин шумора 6472 нафарашон навзод  мебошанд.

Дар се моҳи соли 2022 аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва зерсохторҳои он дар 10041 иншоотҳои гуногун санҷишҳои санитарии ҷорӣ ва эпидемиологӣ гузаронида шуд. Инчунин, нисбати 3303 нафар шахсони мутасаддӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб  дода шуданд.

Маврид ба ёдоварист, ки то аввали соли ҷорӣ  ба ҷумҳурӣ тавассути механизми байналмилалии COVAX ва кӯмакҳои башардӯстона 14 миллиону 516 ҳазору 60 вояи ваксинаҳои “АстраЗенека”, “КоронаВак”, “Модерна”, “Спутник V” ва “Пфайзер” ворид ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бо истифода аз ваксинаҳои ба ҷумҳурӣ воридшуда то субҳи 20 апрели соли ҷорӣ аз шумораи умумии дар нақша буда 92,9 фоиз, ё баробар ба 5 миллиону 202 ҳазору 268 нафар бо вояи якум ва 5 миллиону 27 ҳазору 496 нафар, ё баробар ба 89,8 фоиз бо ду воя фаро гирифта шуда, то ҳол бо вояи сеюм 1 миллиону 756 ҳазору 58 нафар, ё баробар ба 31,4 фоиз фаро гирифта шудаанд.

Давоми семоҳаи аввали соли 2022 дар муассисаҳои илмию таълимии вазорат 2992 нафар кормандони тиббии ҷумҳурӣ ба таҳсили баъдидипломӣ фаро гирифта шуданд, ки дар се моҳи соли 2021 ин нишондод 2847 нафарро ташкил медод. Инчунин, дар ин давра 22 нафар мутахассисон ба хориҷи кишвар барои гузаштани курсҳои бозомӯзӣ равон карда шуданд.

Дар самти рушди соҳаи фарматсевтӣ давоми се моҳи соли 2022 ба маблағи умумии 53,5 миллион доллари амрикоӣ ба ҷумҳурӣ маводҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид карда шудааст, ки ин нисбат ба се моҳи соли гузашта 18,9  миллион доллари амрикоӣ зиёд мебошад.

Инчунин, дар давраи сипаригашта фаъолияти 189 муассисаҳои фарматсевтӣ ва тиббӣ зери санҷиш қарор дода шуда, 238 номгӯй доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ба миқдори 1978 адад аз муомилот гирифта шуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 37460  адад кам мебошад.

Зикр гардид, ки давоми семоҳаи аввали соли 2022 бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббӣ ба маблағи 105,2 миллион сомонӣ таҷҳизот ва  молҳои тиббӣ (катҳои функсионалӣ, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, маводҳои доруворӣ, нақлиётҳои ёрии таъҷилӣ, маҷмӯи мизи стоматологӣ, монитори назди кати бемор, таҷҳизоти ташхиси фаросавтии беморхонавӣ ва сайёр, генератори оксигендиҳӣ, дастгоҳи таъмизгардонӣ, дастгоҳи сабти барқии дил, кашиши барқии ҷарроҳӣ, мизи ҷарроҳӣ, инфузомат, перфузор ва ғайра) ба муассисаҳои тандурустии кишвар дастрас карда шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14,3  миллион сомонӣ зиёд мебошад. Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ муассисаҳои тиббии ҷумҳурӣ бо 53 нақлиёти ёрии таъҷилӣ таъмин гардиданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  23 адад зиёд мебошад.

Дар муассисаҳои будубоши доимии соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 1587 нафар бошандагон (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 нафар зиёд), ки аз инҳо 370 нафараш кӯдакони маъюб мебошанд.

Дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 4 муассисаҳои санаторию курортӣ амал мекунанд ва барои гузаронидани мавсими истироҳатии соли ҷорӣ аз буҷаи давлат 4 миллиону 790 ҳазору 909 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Дар шабакаи муассисаҳои ғайристатсионарии хизматрасонии иҷтимоӣ 44 адад шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, 48 марказҳои будубошӣ рӯзона ва 6 адад марказҳои минтақавии пиронсолон ва маъюбон  фаъолият доранд, ки дар умум давоми се моҳи соли 2022 ба 13578 нафар хизматҳои гуногуни иҷтимоӣ ва тавонбахшии ҷисмониву равонӣ расонида шудааст.

Баъдан, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд низ доир ба фаъолияти хеш дар семоҳаи аввали соли 2021 баромад карданд.

Дар идома вазъи феълии соҳаи тандурустӣ дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, махсусан, одоби муоширати табибон бо беморон, истифодаи дурусти таҷҳизоти муосири тиббие, ки аз ҷониби вазорат ба муассисаҳои соҳавӣ дастрас карда шудаанд, пешгирии бемориҳои сироятӣ, роҳ надодан ба истифодаи доруҳои мӯҳлаташон гузашта, беҳтар намудани сифати хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббӣ, таъмиру тармими биноҳо, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва баҳри бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 974
  • 1,242
  • 949,994