Бо ҳадафи тозаву озода нигоҳ доштани фазои табиати маҳал, ташаккули ҳаёти солим бо ҳифти фазои табиӣ, инчунин муҳайё намудани шароити хуби корӣ дар атрофӣ коргоҳ имрӯз дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи ходимони соҳаи тандурустӣ маъракаи шанбегӣ баргузор карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ, ки заминаи рушди зиндагии солим ва ҳифзи табиат аз партовҳои табиӣ ва маишӣ маҳсуб меёбад, доираи васеъи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷалб карда шуда, ба ҳадде нақши худро дар шукуфоии хиёбонҳои пойтахти кишвар гузоштанд.
Чунин корҳои ободонӣ бо мақсади тозагии атрофи муассисаҳои тандурустӣ дар дигар манотиқи шаҳру навоҳии мамлакат низ имрӯз баргузор гардиданд.