БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Роштқалъа беморхонаи замонавӣ ва корхонаи коркарди пашм месозанд

БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Роштқалъа беморхонаи замонавӣ ва корхонаи коркарди пашм месозанд
Май 04
12:27 2022

Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони беморхонаи замонавӣ, муассисаи таълимии чорошёна, корхонаи коркарди пашм ва дигар иншоот бомаром идома дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи музкур Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот аз сохтмони иншооти ҷашнӣ дар маркази ноҳия дидан кард.

Ҳамзамон раиси вилоят бо соҳибони хонаҳое, ки бар асари фаромадани тарма зарар дида буданд, мулоқот намуда, барои тезонидани сохтмони хонаҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Раиси вилоят аз ҷараёни кишту кори баҳорӣ, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва иншооти ноҳия дидан карда, ба роҳбарият ва масъулини сохтмонҳо барои бо сифати баланд ва сари вақт омода намудани иншоот супоришҳои ҷиддӣ дод.

Мавриди зикр аст, ки маркази ноҳияи Роштқалъа дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба пешрафт ниҳода, иншооти муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ дар он қомат афрохта истодаанд.

  

Акс: МИҲД-и ВМКБ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,065
  • 1,242
  • 950,085