Натиҷагирӣ аз рафти татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”

Натиҷагирӣ аз рафти татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”
Май 06
15:41 2022

Имрӯз, 6 майи соли равон дар меҳмонхонаи Румии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил, ки соли равон таҳти шиори “Барои хотимаи сил сармоягузорӣ кунед.  Ҳаёти одамонро наҷот диҳед” интихоб ва таҷлил гардид ва ҳамзамон доир ба баррасии  рафти татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ҳамоиш доир шуд, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода, сардори Раёсати тиббии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Кристофер  Барретт, директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” Рустам Нуров, директори минтақавии лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Дилором Қосимова ва роҳбарони як қатор муассисаҳои соҳавӣ иштирок намуданд.

Қайд гардид, ки тайи ҳар як муҳлати муайян бо дарназардошти вазъи эпидемиологӣ, чораҳои андешидашаванда ва натиҷаҳои бадастомада барномаҳои миллӣ оид ба ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз ҷониби сохторҳои марбутаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикон оид ба рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ татбиқ карда мешаванд.

“Ин раванд нишон медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи солимии аҳолии кишвар, таъмини амнияти санитарию эпидемиологии он, инчунин мубориза бо бемориҳои сироятиро дар қатори афзалиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додааст”, -афзуд Абдухолиқ Амирзода.

Дар идомаи ҳамоиш  ба иштирокдорон оид ба гузаронидани Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил дар ноҳияҳои таҷрибавӣ навори видеоӣ пешниҳод гардида, як қатор мутахассисони соҳа доир ба рафти татбиқи «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Пешниҳоди Дастурамал оид ба идоракунии ҳамгироишудаи бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар мавзуъҳо баромад намуданд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 727
  • 1,242
  • 949,747