ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ БА АҲОЛӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД: Ба минтақаи Кӯлоб нақлиётҳои сайёри тиббӣ дастрас карда шуданд

ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ БА АҲОЛӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД: Ба минтақаи Кӯлоб  нақлиётҳои сайёри тиббӣ дастрас карда шуданд
Май 07
17:48 2022

Ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ имрӯз, 7 майи соли равон ба минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон нақлиётҳои сайёри тиббии калонҳаҷм тақдим карда шуд.

Дар маросими расмии тақдими нақлиётҳои мазкур, ки имрӯз дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулраҳмон Ал-Решайдон, раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр, намояндагони Барномаи хайриявии (Шоҳ Абдулло ибн Абдулазиз) Бонки Исломии Рушд, ширкати «Нормека»-и Норвегия, ки ҳамчун оператори пешниҳоди маҷмӯи тиббии сайёр интихоб намудааст ва  дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.

Зимни суханронии хеш ҳозирин аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки тақдим ва дастрас гардидани нақлиётҳои сайёри тиббии мазкур баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии минтақаи Кӯлоб саҳми назаррас хоҳанд гузошт.

Баъдан меҳмонон аз клиникаҳои сайёр, ки воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дар онҳо ҳуҷраҳои зарурӣ, аз ҷумла бемориҳои чашм, дил, акушерӣ, ташхисҳои фаросавтӣ, томографияи компютерӣ, ташхиси нурии ғадуди ширӣ, озмоишгоҳ, рентгени рақамӣ, барои даруннигарӣ — индоскопияи хурд, ҳуҷраи баъди ҷарроҳӣ, ҷойи кории табибон, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд, шинос шуданд.

Дар идомаи сафар меҳмонон ба  Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташриф оварда, дар ин ҷо бо гӯшаи ашёҳои таърихӣ ва маҳсули ҳунарҳои мардумии минтақа шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки 27 октябри соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба татбиқи маблағгузории бебозгашт барои харидорӣ ва истифодаи клиникаҳои сайёр дар минтақаҳои деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома ба имзо расонида шуда буд. Ин кӯмак аз ҷониби «Муассисаи шоҳ Абдуллоҳ оид ба имдод ва кӯмакҳои башардӯстона» тавассути Бонки исломии рушд тақдим гардидааст.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 967
  • 1,242
  • 949,987