ТАБОБАТИ БЕМОРИИ СИЛ ҲАНӮЗ ҲАМ РОЙГОН АСТ

ТАБОБАТИ БЕМОРИИ СИЛ ҲАНӮЗ ҲАМ РОЙГОН АСТ
Апрел 07
17:22 2022

Шашуми апрели соли равон дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилаӣ (USAID) оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ чорабинӣ баргузор шуд. Дар он асосан ба масъалаи беҳтар намудани инъикоси мушкилот ва монеаҳои вобаста ба бемории сил дар воситаҳои ахбори омма таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Мутахассиси Лоиҳаи USAID оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ Ҷамила Исмоилова доир ба марому мақсади лоиҳа ва раванди амалишавии он маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, давраи татбиқи барнома аз сентябри соли 2019 то соли 2024-ро фаро гирифта, маблағи он барои 5 кишвари Осиёи Марказӣ 31 миллион доллари ИМА мебошад. Дар доираи он беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ, дарёфт ва табобати нафарони ба бемории сил гирифторшуда, тавсеаи корҳои таблиғотӣ оид ба табобатшаванда будани беморӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муҷаҳҳазгардонӣ ва таъмини беморхонаҳо бо дастгоҳҳои муосири лабараторӣ ва доруворӣ ва дигар масъалаҳо дар назар дошта шудааст.

Мутахассиси дигари лоиҳа Ҳурия Ҳисомова доир ба дарёфт ва табобати беморони сил сухан ронд. Ӯ нахуст доир ба таърихи пайдоиши бемории сил маълумот дода, сабаб ва роҳҳои сироятёбии он ба дигарон, тарз ва муҳлати табобати беморонро тавассути рӯнамоии слайдҳо нишон дод. Дар чорабинӣ ройгон будани табобати бемории сил дар ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо Тоҷикистон, таъкид гардид.

Дар чорабинӣ ҳамчунин корманди Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотима Яқубова дар мавзӯи «Меъёрҳои ахлоқӣ ва масъулияти журналист ҳангоми инъикоси мушкилоти беморони сил» баромад кард.

Дар охир миёни рӯзноманигорон ва масъулин доир ба роҳҳои беҳтар кардани инъикоси мавзуи бемории сил дар воситаҳои ахбори омма саволу ҷавоб ва андешарониҳо сурат гирифт.

 

Шариф  АТОБУЛЛОЕВ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 712
  • 1,242
  • 949,732