Вобаста ба масъалаҳои муҳими кардиоҷарроҳӣ дар Тоҷикистон конфронси илмию фарҳангӣ доир гардид

Вобаста ба масъалаҳои муҳими кардиоҷарроҳӣ дар Тоҷикистон конфронси илмию фарҳангӣ доир гардид
Май 20
14:23 2022

Имрӯз, 20 майи соли равон бо ибтикори роҳбарияти Бемористони Ибни Сино ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии  “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” вобаста ба масъалаҳои муҳими кардиоҷарроҳӣ дар Тоҷикистон конфронси илмию фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он доктор Алиасғари Булӯриён аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, профессор Ҳусайн Содиқӣ аз кишвари Швейтсария, намояндагони Бемористони Ибни Сино ва табибони Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” иштирок намуданд.

Конфронсро намояндаи Бемористони Ибни Сино ифтитоҳ намуда, ба роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ва фароҳам овардани имконият баҳри баргузории чорабинии мазкур изҳори миннатдорӣ баён намуд.

Қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории конфронси мазкур ин пеш аз ҳама мубодилаи таҷрибаи табибони тоҷик бо ҳамтоёни хориҷии худ дар самти ба роҳ мондани ҳамкориҳо баҳри боз ҳам беҳтар намудани соҳаи каридоҷарроҳӣ дар кишвар мебошад.

Баъдан, доктор Алиасғари Булӯриён вобаста ба ниёзмандии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасониҳои кардиоҷарроҳӣ, дастрасии хизматрасонӣ ба беморони дил, сифати хизматрасонии кардиоҷарроҳӣ барои беморон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Ҳусайн Содиқӣ аз кишвари Швейтсария дар навбати худ доир ба соҳаи кардиоҷарроҳӣ маъруза намуда, ҳамзамон роҷеъ ба тафсири илмии рубоиёти Умари Хайём низ ибрози андеша кард.

Дар анҷом миёни иштирокчиён ва маърузакунандагон роҷеъ ба самтҳои гуногуни соҳаи кардиоҷарроҳӣ бахши саволу ҷавоб сурат гирифт.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,030
  • 1,242
  • 950,050