Боздиди мутахассисони соҳаи тибби шаҳри Санкт-Петербург аз Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”

Боздиди мутахассисони соҳаи тибби шаҳри Санкт-Петербург аз Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”
Май 24
17:48 2022

24 майи соли равон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия Олег Эргашев, ки худ табиб аст, бо ҳамроҳии мутахассисони соҳаи тибби шаҳри мазкур ба Муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ташриф овард.

Аснои боздид ноиби губернатори шаҳри Санкт-Петербург Олег Эргашев бо пизишкони тоҷик суҳбат карда, инчунин бо фаъолияти шӯъбаи ангиографияи маҷмаа шинос шуд.

Номбурда бо табибони тоҷик оид ба усулҳои табобати бемориҳои гуногун, аз ҷумла стентмонии рагҳои хунгард мубодилаи афкор намуда, ҷонибҳо зимни суҳбат вобаста ба табобати бемории мағзи сар низ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Дар маҷмӯъ, меҳмонон ба фаъолияти Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” ва дастгоҳу таҷҳизоти утоқи ҷарроҳии ин муассиса баҳои баланд дода, афзуданд, ки дар ин ҷо имкони табодули таҷриба миёни табибони шаҳри Душанбе ва Санкт-Петербург мавҷуд аст.

Инчунин дар маҷлисгоҳи маҷмаа бо иштироки табибони Санкт-Петербург ва ҷарроҳону неопаталогҳои шаҳри Душанбе дар мавзӯҳои “Ҷарроҳии дил” ва “Нигоҳубини навзодон” семинар-машварати омӯзишӣ доир гардид.

Бояд зикр намуд, ки яке аз бандҳои асосии нақшаи чорабиниҳо «Харитаи роҳ» оид ба татбиқи Созишнома байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Санкт-Петерубрги Федератсияи Россия барои солҳои 2022-2026 ин ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 720
  • 1,242
  • 949,740