“Муколамаи сиёсии сатҳи баланд оид ба таҳкими кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар Тоҷикистон”

“Муколамаи сиёсии сатҳи баланд оид ба таҳкими кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар Тоҷикистон”
Май 27
14:12 2022

Имрӯз, 27 майи соли равон дар меҳмонхонаи Ҳайат Реҷенсии шаҳри Душанбе таҳти унвони “Муколамаи сиёсии сатҳи баланд оид ба таҳкими кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) дар Тоҷикистон” мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, роҳбари Дафтари Бюрои минтақавии ТУТ дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Мелита Якаб, роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский,  роҳбарони як қатор муассисаҳои КАТС-и шаҳри Душанбе ва шарикон оид ба рушд иштирок намуданд.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ғафур Муҳсинзода ба шарикон оид ба рушд барои дастгирии пайвастаи соҳаи тандурустии мамлакат изҳори миннатдорӣ баён карда, чорабинии мазкурро як қадами устувор дар самти густариши ҳамкориҳои судманди вазорат бо шарикон оид ба рушд арзёбӣ намуд.

Дар чорабинӣ махсус қайд гардид, ки кумаки аввалияи тиббию санитарӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, саҳми он дар таъмини солимии аҳолӣ муҳиму назаррас мебошад.

Дар идома як қатор иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни мавзӯъи мазкур баромад намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки 26 майи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва роҳбари Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Олшавский ба Изҳороти муштараки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикон оид ба рушд  ҷиҳати тақвияти кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд, ки дар он афзалият ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи КАТС дар Тоҷикистон баён шудаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 907
  • 1,242
  • 949,927