Имрӯз, 30 майи соли равон кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон филми мустанади “Шикасти фитна”-ро, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” вобаста ба ҳаводиси ахири ВМКБ, махсусан нақшаву амалҳои нопоки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии ин минтақа омода ва таҳия гардидааст, тамошо намуданд.
Факту далелҳое, ки дар филми мазкур дарҷ гардидаанд, парда аз ҳодисаҳои ахири ВМКБ бардошта, чеҳраи аслии ҷинояткоронро нишон медиҳанд.
Тавре аз мазмуни филми мазкур бармеояд, ҳодисаҳои ахири ВМКБ маҳз бо дастгирӣ ва пуштибонии ашхоси ҷинояткор, хосатан роҳбарони ҳизби террористии наҳзати исломӣ ба вуқуъ пайваста, душманони миллати тоҷик бо ин роҳ мехостанд фазои сулҳу ороми мамлакати азизамонро халалдор созанд.
Аз ин рӯ, тамошои филми мазкур ба ҳар як сокини Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз асли воқеаҳои ВМКБ огаҳӣ пайдо намуда, ҳақиқатро бо чашми сар бубинад.
Воқеан ҳам мардуми сарбаланди ВМКБ пуштибони сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, вале мутаассифона, ду-се ҷинояткор аз номи мардуми сарбаланди ин минтақаи биҳиштосои Ватани азизамон баромад намуда, мехоҳанд ҳадафҳои ғаразноки хешро амалӣ намоянд.
Аммо, тавре дар урфият мегуянд: “бори каҷ ба манзил намерасад”. Бинобар ин, ҳар як сокини Тоҷикистони азизамонро лозим ва зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромии Ватани азизамон бирасад.