Ба Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид

Ба Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор мошини ёрии таъҷилӣ туҳфа гардид
Июн 04
09:11 2022

Ба Беморхонаи марказии шаҳри Ҳисор аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мошини ёрии таъҷилии тамғаи «NISSAN URVAN NV- 350», ки бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ, аз қабили дефибриллятор, зарф ва ингалятори оксигенӣ, дастгоҳи шамолдиҳӣ, сфигмоманометр бо стетоскоп ва ғайраҳо ҷиҳозонида шудааст, туҳфа гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд.

Дастрасии мошини мазкур барои бехатар интиқол додани беморони ҳолаташон вазнин ба дигар беморхонаҳои ҷумҳурӣ муфид буда, аз лаҳзаҳои аввали вориди он гардидани бемор таҷҳизоти зарурӣ фаъол гардида, ёрии кафолатноки аввалини тиббӣ шурӯъ мешавад.

Тавре сардухтури беморхонаи марказӣ Эмомалӣ Маҷидов иттилоъ дод, «дар партави ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба муассиса таҷҳизоти нодири тиббӣ дастрас гардида, дар назди муассиса коргоҳи истеҳсоли оксиген ва генератори барқии пуриқтидори худидорашаванда насб шудааст. Он ба ҳалли мушкилоти норасоии оксиген дар муассисаҳои тиббии шаҳр ва барқи босифат дар шуъбаҳои беморхонаи марказӣ мусоидати фаъол менамояд».

Дастрас гардидани мошини нави ёрии таъҷилӣ ғамхории навбатии Ҳукумати мамлакат барои ҳифзи солимии аҳолии шаҳр буда, аз ҷониби табибон ҷиҳати адои вазифа масъулияти бештарро тақозо мекунад.

Масъалаи беҳтар намудани шароити муассисаҳои тандурустӣ дар Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Ҳисор барои солҳои 2021-2025 дарҷ гардидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 902
  • 1,242
  • 949,922