Дар Тоҷикистон 59,1% шаҳрвандон вояи сеюми ваксинаи зидди сирояти COVID-19-ро гирифтаанд

Дар Тоҷикистон 59,1% шаҳрвандон вояи сеюми ваксинаи зидди сирояти COVID-19-ро гирифтаанд
Июн 06
14:04 2022

Бино ба иттилои дастрас то ба ҳолати 5 июни соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи пешбинишуда  5 миллиону 249 ҳазору 166  нафар (93,8%) шаҳрвандони мамлакат ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси COVID-19 фаро гирифта шуданд. Инчунин, вояи дуюми ваксинаро то санаи зикргардида  5 миллиону 130 ҳазору 604 нафар (91,7%) шаҳрвандони мамлакат гирифтаанд. Вояи сеюми ваксинаро бошад, то  санаи зикршуда  3 миллиону 306 ҳазору 265 нафар (59,1%) шаҳрвандони кишвар гирифтаанд.

Дар ин росто қайд кардан ҷоиз аст, ки тибқи қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 3 июли соли 2021 ба нашр расид, ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Нафароне, ки ваксинаи зидди бемории сироятии коронавирус нагирифтаанд, ҳатман ба табибони оилавӣ ва ё ба муассисаҳои тандурустии маҳали зисташон муроҷиат намоянд. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 908
  • 1,242
  • 949,928