Мулоқоти Абдухолиқ Амирзода бо Таро Хонда

Мулоқоти Абдухолиқ Амирзода бо Таро Хонда
Июн 06
16:07 2022

Имрӯз, 6 июни соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода бо муовини вазири корҳои хориҷӣ оид ба умури парлумонии Ҷопон  Таро Хонда мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамзамон Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тошихиро Аики ва Намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон низ ҳузур доштанд.

Нахуст Абдухолиқ Амирзода меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, бо ёдоварӣ аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвари дӯсту бародар  иброз дошт, ки ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон солҳои тӯлонӣ инкишоф ёфта истодааст.

Дар идома қайд гардид, ки саҳми Ҳукумати Ҷопон дар амалигардонии Барномаи миллии эмкунии кӯдакон ва хадамоти ҳифзи модару кӯдак тавассути таъмини ваксинаҳо, таҷҳизоти занҷири хунук, доруҳои зарурӣ ва лавозимоти тиббии аввалия назаррас буда,  ҳамзамон ин кишвар дар баланд бардоштани иқтидори кормандони соҳаи тиб дар бахшҳои модару кӯдак, идоракунии ҳамаҷонибаи бемориҳои кӯдакона, таҷрибаҳои бехатари тазриқӣ ва идоракунии занҷири сард низ ба соҳаи тандурустии  Тоҷикистон кӯмаки хешро расонидааст.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат иброз дошт, ки бо дастгирии назарраси Ҳукумати Ҷопон ва JICA мо тавонистем сатҳи баланди фарогирии эмкунии кӯдаконро нигоҳ дорем, ки минбаъд ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва марги кӯдакон мусоидат намуд.

-Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои чунин дастгириҳои муҳим ва саривақтӣ ба Ҳукумати Ҷопон изҳори сипос менамояд ва умедвор аст, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар солҳои оянда низ идома хоҳанд ёфт,-иброз дошт Абдухолиқ Амирзода.

Ҷаноби Таро Хонда дар навбати худ иброз дошт, ки кишвараш омодаи густариши ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар бахшҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 966
  • 1,242
  • 949,986