Чорабании тантанавӣ бахшида ба хатми донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ дар соли 2022

Чорабании тантанавӣ бахшида ба хатми донишҷӯёни Донишгоҳи тиббӣ дар соли 2022
Июн 11
10:45 2022

Имрӯз, 11 июни соли равон дар толори Синои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба муносибати хатми имсолаи донишҷӯён чорабинии тантанавӣ  баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни муассисаи мазкур иштирок намуданд.

Дар чорабинии тантанавӣ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  ва ректори муассисаи мазкур Маҳмадшоҳ Гулзода   бо сухани тарбикотӣ баромад карданд.

Баромадкунандагон хатмкунандагони имсоларо бо ин рӯзи дар ҳақиқат ҳам хотирмону фаромушношуданӣ -ҷамъбасти бомуваффақияти таҳсил дар таълимгоҳи олии тиббии ҷумҳурӣ ва сазовор гаштан ба номи пуршарафи табибӣ аз самими дил табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадомашон хушрӯзиву саодатмандии рузгор ва дар фатҳи қуллаҳои орзу муваффақиятҳои беназирро таманно карданд.

Қайд гардид, ки соли 2022 донишгоҳи мазкурро 1518 нафар донишҷӯёни ватанӣ хатм намуданд, ки аз ин теъдод 17 нафарашон соҳиби дипломи аъло гардиданд. Вобаста ба раванди имтиҳоноти хатм, ки соли ҷорӣ дар маҷмӯъ 1874 нафар донишҷӯён, аз ҷумла, аз факултети тиббӣ 1164 нафар, аз факултети педиатрӣ 96 нафар, аз факултети стоматологӣ 166 нафар, аз факултети фармасевтӣ 63 нафар ва аз факултети тиббӣ-профилактикӣ 29 нафар хатмкунандагон имтиҳонҳои хатмро бо муваффақият супориданд. Аз теъдоди умумии хатмкунандагон 253 нафар тибқи квотаи Президентӣ таҳсил намуда, 356 нафарашонро донишҷӯёни хориҷӣ ташкил медиҳад.

Таъкиди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи баланд бардоштани дониши хонандагону донишҷӯён, бархурдор гардондани онҳо аз дастовардҳои илмию техникӣ, ба тарзи ҳаёти солим ҳидоят намудани онҳо воқеан ҳам бамаврид буда, моро водор месозад, ки дар ин самт аз тамоми имконот истифода намоем. Зеро танҳо бо илму дониш, ақлу заковат, ихтирооту навоварӣ дар назди аҳли башар метавон сарбаланд шуд.

“Набояд фаромӯш сохт, ки хатми донишгоҳ –ин ҳанӯз саршавии роҳ аст. Барои табиби ҳозиқу донишманд ва мушкилкушои ҳазорон нафар ниёзмандон гаштан, бояд минбаъд низ омӯхтану таҷрибаи андӯхтаи ҳамкасбони калонсолро аз бар намудан, шеваи асосии кору фаъолият мегардад. Зеро танҳо дар амал татбиқ намудани донишҳои тӯли шаш сол аз барнамуда, ғамхору мушкилкушои беморону ниёзмандон гаштан дараҷаи касбиятро муайян менамояд ва ба боварию эътимод, ихлосу эътиқоди мардум бурда мерасонад”,-қайд гардид дар ҳамоиш.

Гуфта шуд, ки хатмкунандагони имсола дар ин росто масъулияти боз ҳам бештар ҳис намуда, барои дар минтақаҳои ба мутахассисони ҷавони тиб эҳтиёҷманд ба роҳ мондани фаъолияти густурдаи тиббӣ саҳми бештаре хоҳанд гузошт.

Бо ифтихормандӣ иброз гардид, ки хатмкардагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар зиёда аз 50 давлатҳои дунё кору фаъолият карда истодаанд, ки ин боиси ифтихори мост ва барои баланд бардоштани обрӯю нуфузи ватану миллати азизамон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Дар охир бори дигар вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода хатмкунандагонро бо хатми донишгоҳ табрик гуфта, ба онҳо дар амалияи касби пуршарафи табибӣ муваффақият ва дастовардҳои беназирро таманно намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735