13 июни соли равон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо ҳайати Донишгоҳи илмии тиббии шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон ба таври маҷозӣ вохурӣ намуд.
Вохурии мазкур дар доираи гуфтушунидҳои қаблии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтакии Собирӣ баргузор гардида, дар он масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ, мубодилаи таҷрибаи мутахассисон, баргузор намудани давраҳои бозомӯзии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати мутахассисони тоҷик дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, ташкил намудани давраҳои бозомӯзӣ аз ҷониби мутахассисони варзидаи тиббии эронӣ барои мутахассисони тоҷик дар дохили кишвар ва дар маҷмӯъ ҳамкории муассисаҳои тиббии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бояд тазаккур дод, ки Донишгоҳи илмии тиббии шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон яке аз донишгоҳҳои калон ва бонуфуз дар Шарқи наздик мебошад.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сараввал аз номи роҳбарияти вазорат миннатдории хешро барои ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ду кишвари бо ҳам дӯсту ҳамзабон изҳор намуда, вохӯрии имрӯзаро фурсати муносибе барои машварат ва гуфтугӯ ҷиҳати рушду равнақ додани ҳамкории давлатҳо дар раванди беҳдоштӣ, дармонӣ ва омӯзишӣ пизишкӣ арзёбӣ намуд.
Бояд қайд намуд, ки дар вохӯрӣ роҳбарони марказҳои илмию татқиқотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, самтҳои ҳамкориҳои афзалиятноки тиббиро пешниҳод намуданд.
Дар охир ҷонибҳо фикру дархостҳои худро вобаста ба самтҳои ҳамкорӣ, махсусан дар самти мубодилаи таҷрибаи мутахассисон дар соҳаҳои мухталифи тиббӣ иброз доштанд.
Вохурӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардид.