Дар деҳаи Зарнисори деҳоти Гули сурхи шаҳри Истаравшан дар доираи ҷашни 25-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хонаи саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Сохтмони бинои мазкур соли 2020 бо дастгирии сокинони деҳа оғоз гардида, таҷҳизоти он аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таъмин карда шуд.
Бинои хонаи саломатӣ аз 5 ҳуҷраи барҳаво иборат буда, бо харҷи зиёда аз 450 ҳазор сомонӣ бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд гардидааст.
Деҳаи Зарнисори деҳоти Гули сурх наздик 4000 нафар аҳолӣ дошта, то ин вақт аз набудани хонаи саломатӣ дар деҳа, сокинон ба дигар деҳа ва ё маркази шаҳр муроҷиат менамуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи ифтитоҳи хонаи саломатӣ бо дастгирии саховатмандони деҳаи Зарнисор барои 4 нафар фарзандони оилаҳои камбизоат маросими хатнасур доир карда шуд.