Вохурии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Вохурии намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Июл 07
08:53 2022

Бо  мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳамзамон иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 санаи 6 июли соли равон дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” вохурии Нигора Муқимӣ, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар доир гардид.

Нигора Муқимӣ, намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ баромад кард.

Инчунин, номбурда зимни суханронии хеш доир ба омилҳои пайдоиш ва хавфи коррупсия ибрози назар намуда, аз ҷумла қайд кард, ки маҳз кӯшиш ва талошҳои дастаҷамъонаи ҷомеа метавонад ин падидаи номатлубро решакан созад.

Бояд гуфт, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нақшаи чорабиниҳои  дохилиидоравии амалисозии Барномаи идоравии (соҳавии) Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ҷиҳати таъмини иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои соли 2022 тартиб дода шуда, ба сохторҳои дахлдори вазорат ирсол гардидааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 996
  • 1,242
  • 950,016