Дар Хатлон масъалаи беҳтар кардани вазъияти ғизои модару кӯдак баррасӣ гардид

Дар Хатлон масъалаи беҳтар кардани вазъияти ғизои модару кӯдак баррасӣ гардид
Июл 15
12:25 2022

14 июл дар вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ оид ба Ҳаракати глобалии васеъкунии ғизо доир гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон.

Гуфта шуд, ки дар кори Шӯро муовини Раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ, аъзои Шӯро ва муовинони раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, сардори Раёсати тандурустӣ, намояндагони сохторҳои тандурустӣ ва Лоиҳаи беҳтар кардани ғизогирии модарон, навзодон ва кӯдакон дар навоҳии деҳоти Тоҷикистон низ ширкат доштанд.

Муовини Раиси вилоят  иброз намуд, ки мақсади нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба ба ғизо ин беҳтар кардани вазъияти ғизои модару кӯдак дар Тоҷикистон то соли 2025 мебошад.

«Нақшаи бисёрсоҳавӣ оид ба беҳтарсозии ғизо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2021 тасдиқ гардидааст», илова кард ў.

Дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорон вобаста ба нақша, ки ихтисоркунии қадпастӣ дар Тоҷикистон дар байни кӯдакони синну соли то 59-моҳа ба 40 фоиз то охири соли 2025, ихтисоркунии камхунӣ, сатҳи вазни пасти бадан, нобуд кардани афзоиши вазни зиёдатӣ, лоғарии кудакон арзёбӣ мешавад, суханронӣ намуданд.

Инчунин гуфта шуд, ки муҳимияти ғизо яке аз масъалаҳои меҳварӣ ҳисобида мешавад. Нақшаи мазкур соли 2010 таъсис ёфта, дар он 65 давлат аъзо шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 аъзои ин нақша аст.

АКС: шуъбаи иттилоот ва таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 972
  • 1,242
  • 949,992