Таъмири марказҳои саломатӣ аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” маҳсуб меёбад

Таъмири марказҳои саломатӣ аз ҳадафҳои аслии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” маҳсуб меёбад
Июл 19
15:11 2022

Дар баробари   азнавсозии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва таҷҳизонидани онҳо бо лавозимоти тиббӣ, инчунин, ҷалби мутахассисон ба курсҳои омӯзишии тибби оилавӣ, таъмири куллии марказҳои саломатӣ ва дар замина таъмин намудани шароити хуби корӣ аз зумраи ҳадафҳои аслии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” маҳсуб меёбад.

Ҳамин аст, ки имрӯзҳо таъмири марказҳои саломатӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Суғду Хатлон бо маблағгузории Лоиҳаи мазкур бомаром идома доранд.

Чанде қабл бо ҳадафи ошноӣ пайдо намудан аз рафти корҳои таъмирӣ дар маркаҳои саломатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Кушониёни вилояти Хатлон, ки таҳти сарпарастии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” қарор доранд дидан намудем.

Зимни боздид айён гардид, ки  корҳои таъмирии марказҳои саломатии деҳоти Уртабуз ва Куган-Колови ноҳияҳои болозикр бо маром идома дошта, дар рӯзҳои наздик мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.

Маврид ба тазакур аст, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки он таҳти сарпарастии Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2013 инҷониб бо ҳадафи  такмили сифат ва дастрасии хизматрасонии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар муассисаҳои тиббии деҳоти 16 ноҳияҳои таҷрибавии  вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияи Файзободу Дарвоз,  бо ҳамбастагӣ дар такмили иқтидори кадрӣ, ҳолати инфрасохтор ва заминаи моддию техникии муассисаҳои КАТС фаъолият мебарад аз зумраи лоиҳаҳои муваффақ дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор меравад.

Бояд зикр намуд, ки дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» дар маблағгузории якум, бо мақсади такмили инфрасохтори муассисаҳои КАТС-и ноҳияҳои таҷрибавӣ корҳои сохтмонию азнавсозии 37 муассисаҳои тиббӣ дар 9 ноҳия таҷрибавӣ ва таъмири Маркази таълимию клиникии  тибби оилавии дар вилояти Хатлон ба анҷом расонида шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд, ки арзиши умумии сохтмони муассисаҳо 6 688 240 доллари ИМА-ро ташкил доданд ва ин раванд бомаром идома дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732