Нишасти матбуотии вазорат баргузор гардид

Нишасти матбуотии вазорат баргузор гардид
Июл 27
15:37 2022

Имрӯз,  27 июли соли равон дар Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ вобаста ба фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2022 нишасти матбуотии вазорат баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовинони вазир Ғафур Муҳсинзода, Шодихон Ҷамшед, Зулфия Абдусаматзода, роҳбарони хадамотҳои соҳавӣ, сардорони раёсатҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва беш аз 56 нафар рӯзноманигорон аз васоити ахбори оммаи давлативу хусусӣ ва расонаҳои хориҷӣ ширкат намуданд.

Бо дарназардошти он, ки қабл аз оғоз вобаста ба фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар шашмоҳаи аввали соли 2022 Варақаи иттилоотӣ ба рӯзноманигорон дастрас карда шуд, нишасти матбуотии вазорат аз бахши саволу ҷавоб оғоз гардид.

Ҳамин тавр, дар ҷараёни нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон вобаста ба  масъалаҳои вазъи бемории COVID-19 дар ҷаҳон ва паёмади он барои Тоҷикистон, вазъи бемории сурхакон ё обилаи маймун дар дунё ва тадбирҳои вазорат дар самти ҷилавгирии вуруди он ба мамлакат, вазъи бурриши қайсарӣ дар муассисаҳои тандурустӣ, вазъи бемории ВНМО ва ташхису табобати он дар миёни муҳоҷирони меҳнатӣ, аз муомилот бароварда шудани маводҳои доруворӣ, сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар таваллудхонаҳо, вазъи як қатор муассисаҳои тандурустӣ, аз ҷумла Беморхонаи минтақавии кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб,  норасоии мутахассисони соҳа дар кишвар, аз ҷумла дар минтақаҳо, шумора ва вазъи муассисаҳои хусусии тиббӣ дар мамлакат, шумораи нақлиётҳои Ёрии таъҷилӣ ва ҳолати хизматрасонии соҳа дар мамлакат, хизматрасонии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла кӯмаки унвонии иҷтимоӣ, шумораи маъюбон вазъи хизматрасонӣ ба ин табақа, гармшавии ҳаво ва таъсири он ба саломатии одамон,  ҳолати кӯдаконе, ки аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд ва доир ба дигар масъалаҳо саволҳо пешниҳод намуданд, ки дар навбати худ вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба онҳо посухҳои мушаххас гардонид.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи тартиби муқарраргардида дар доираи нишасти матбуотӣ ҳамчунин сардорони хадамот ва роҳбарони муассисаҳои ташхисию табобатӣ низ ба саволҳои намояндагони расонаҳои хабарӣ оид ба паҳлӯҳои гуногуни соҳа посухҳо доданд.

Нишасти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 соату 36 дақиқа идома ёфта, он аз ҷониби як қатор расонаҳо мустақиман пахш ва пешниҳоди истифодабарандагони сомонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ гардонида шуд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки намояндагони васоити ахбори омма ҳар яке бо пешниҳоди ду ва се савол аз ҷониби роҳбарияти вазорат посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 974
  • 1,242
  • 949,994