Ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва рафти хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 3 августи соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба ноҳияҳои минтақаи Рашт сафар намуда, бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод ва Нуробод шинос шуд.
Махсусан, номбурда дар ноҳияҳои болозикр бо рафти хизматрасонии тиббии муассисаҳои номбурда дар самти модар ва кӯдак шинос шуд.
Тавре зикр гардид, хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки дар ин самт баҳри таъмини солимии модарон ва кӯдакон пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешавад.
Дар ноҳияҳои болозикр ҳамзамон Зулфия Абдусаматзода бо як қатор беморон ва наздикони онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дода, доир ба сатҳи хизматрасонии тиббӣ аз онҳо пурсон шуд.
Аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода ба масъулини муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои минтақаи Рашт баҳри боз ҳам хубтару беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.