Санаи 12 августи соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода бо директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ вохурӣ намуд.
Нахуст муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Имод Зуҳайриро ба вазорат хайрамақдам намуда, дар идома иброз дошт, ки дар Тоҷикистон соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зери таваҷҷуҳи хосаи Роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Қайд гардид, ки маҳз дар партави сиёсати оқилона дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон рушду пешрафт намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Дар идома Ғафур Муҳсинзода доир ба вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар кишвар, аз ҷумла дастовардҳои соҳа ба меҳмонон мухтасар маълумот дод.
Дар навбати худ директори Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Давлати Фаластин Имод Зуҳайрӣ барои пазироии самимӣ ба роҳбарияти вазорат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, иброз дошт, ки кишвараш дар баробари густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун, омодаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар идома ҷонибҳо доир ба ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, табодули таҷрибаи табибони ду кишвар дар самтҳои гуногуни соҳаи тандурустӣ ва дигар бахшҳои мавриди назар мубодилаи афкор намуданд.
Вохурии мазкур дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум доир гашт.