Паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон

Паёми табрикотии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода  бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон
Август 18
13:00 2022

Ҳамкасбони азизу гиромӣ!

Бо истифода аз фурсати муносиб шуморо аз номи роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон, ки ҳамасола 18 август, яъне дар рӯзи зодрӯзи файласуф, олим ва табиби ҳозиқ Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино таҷлил карда мешавад, самимона табрику шодбош намуда, ба ҳар кадоми шумо пеш аз ҳама саломативу сарбаландӣ, муваффақияту комёбӣ ва дастовардҳои нав ба навро хоҳонам.

Дар воқеъ, касби табибӣ яке аз пешаҳои муҳимтарини инсонӣ ба шумор меравад, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ мақом ва мартабаи хоса дорад. Табибон нафароне мебошанд, ки инсоният ҳамеша ба онҳо ниёз дорад. Зеро, инсон дар рафти зиндагӣ ҳамеша бо бемориҳо рӯ ба рӯ мешавад ва ягона нафаре, ки дар чунин ҳолат ба дарди онҳо дармон шуда метавонад, ин табиб аст. Аз ин ҷост, ки шаҳрвандон ба табибон ҳамчун наҷотбахши ҷони хеш муроҷиат менамоянд.

Ба рӯзи таваллуди Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино рост омадани Иди касбии табибони Тоҷикистон рамзӣ мебошад ва дар чунин рӯзи таърихӣ таҷлил намудани иди касбии хеш кормандони соҳаи тандурустии кишварро бори дигар водор месозад, ки ворисони арзандаи ин табиби ҳозиқ бошанд ва баҳри солимии мардуми шарифи кишварамон аз пештара бештар кӯшишу талош намоянд.

Дар ин замина, ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо назардошти вазъи эпидемикии давлатҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳое, ки бо  Ватани азизи мо робита доранд, соли 2022 барои кишварамон аз ҷиҳати вазъи эпидемиологии бемории сироятии коронавирус оромтар оғоз гардид, ки ин аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар ва фаъолияти шабонарӯзии кормандони соҳа дар самти мубориза бо ин беморӣ тақозо медиҳад.

Бояд гуфт, ки имсол Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муборизаи босамар бар зидди бемории COVID-19  бо Ифтихорномаи вижаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қадрдонӣ  гардид, ки ин дастоварди тамоми кормандони соҳаи тандурустии мамлакат мебошад. Аз ин лиҳоз, бо истифода аз фурсат кулли кормандони соҳаи тибро бори дигар барои ноил шудан ба чунин дастовард таҳният мегуям.

Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи хоса ва дастгириҳои доимии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки маҳз ҳамин дастгириҳо боиси беҳтар гардидани нишондодҳои солимии аҳолӣ гардиданд. Махсусан айни ҳол нисбат ба солҳои пешин нишондоди фавти кӯдакони то 1 сола ва то 5 сола, фавти занони ҳомила ва теъдоди бемориҳои сироятӣ камтар гардидааст.

Бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва сифати хизматрасонӣ тиббӣ сол ба сол ҳаҷми маблағгузорӣ зиёд гардида, сохтмону ба истифодадиҳии иншоотҳои тиббӣ ва бо таҷҳизотҳои муосири тиббӣ таъмин гардидани онҳо бомаром идома дорад. Боиси қайд аст, ки танҳо давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 61 муассиса сохта ба истифода дода шуда, ба муассисаҳои тиббӣ ба миқдори 154 миллион сомонӣ молҳои тиббӣ дастрас карда шуд.

Дар навбати худ воридоти технологияҳои муосир имкон доданд, ки дар амалияи тиббӣ усулҳои нави пешгирӣ, ташхису табобат ҷорӣ гардида, теъдоди шахсони барои табобат ба хориҷи кишвар сафаркунанда бамаротиб коҳиш ёбад. Бояд қайд намуд, ки миқдори ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш дар муассисаҳои тиббии ватанӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 26% зиёд гардид.

Тайи солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳаҷми хизматрасониҳои иҷтимоӣ афзоиш меёбад. Аз ҷумла соли равон дар кишвар ба 13 ҳазор нафар пиронсолону маъюбон хизматрасонии  иҷтимоӣ ва  тавонбахшии  ҷисмониву равонӣ расонида шуда, ба оилаҳои камбизоат дар ҳаҷми зиёда аз 45 миллион сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шудааст.

Ҷиаҳти беҳтар намудани заминаи ҳуқуқӣ баҳри баланд бардоштани хизматрасонии тиббӣ дар нимсолаи якуми соли 2022 9 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 3 фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат таҳия ва тасдиқ карда шуданд, ки баҳри рушди бонизоми соҳа саҳми назарраси худро хоҳанд гузошт.

Инчунин, дар ин давра ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, дар сатҳи таваллудхонаҳо ва шӯъбаҳои таваллудии ҷумҳурӣ, гурӯҳҳои  корӣ аз ҳисоби мутахассисони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таваллудии сатҳи сеюм ва сохторҳои зертобеъ таъсис дода шуда, ба занони ҳомилаи аз гурӯҳи хавф ва пас аз таваллуд, ки дар ҳолатҳои вазнин ва критикӣ қарор доштанд, хизматрасониҳои тиббии маҷмӯӣ расонида шуд. Аз ҷумла ба зиёда аз 1 500 нафар занони ҳомила ва пас аз таваллуд чунин хизматрасониҳо пешниҳод гардида, ҳаёти садҳо нафар занон наҷот дода шуд.

Дар самти беҳтар намудани дастрасии хизматрасонии тиббӣ ба кӯдакон, танзими заминаи ҳуқуқии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шабакаи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 584 ҳуҷраҳои махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ барои гузаронидани хатнаи кӯдакон ташкил гардида, дар 6 моҳи соли 2022 ба 46 194 нафар кӯдакон амалиёти хатна ба таври ройгон  гузаронида  шудааст.

Бо мақсади устувор намудани системаи занҷири хунукитаъминкунандаи марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давоми шашмоҳаи  аввали соли 2022 ба ҷумҳурӣ 508-адад яхдонҳо ва 171 адад яхчолҳои тамғаҳои гуногун харидорӣ ва ворид карда шудааст. Инчунин бо мақсади беҳтар намудани заминаи моддию техникӣ ва бехатар нобуд сохтани партовҳои тиббӣ 14 адад инсенераторҳои тамғаҳои гуногун дастрас карда шуд.

Бояд гуфт, ки дар баробари дастовардҳо як қатор мушкилиҳои соҳа низ ҷой доранд, ки вазифаи ҳаррӯзаи  мо кормандони соҳа бартараф намудани норасоӣ ва камбудиҳои ҷойдошта мебошад. Барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар пеш истода аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ҳамин замина, бо боварии комил гуфта метавонам, ки мо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат минбаъд низ баҳри иҷрои вазифаҳои дар пеш истодаи худ, иҷрои саривақтии қонунгузории соҳавӣ, махсусан дар самти ташкили самарабахши хизматрасонии тиббӣ бо масъулияти баланд кору фаъолият менамоем ва барои бо сарбаландӣ пешвоз гирифтани ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ тамоми неруву тавони хешро равона намуда, ин ҷашни бузурги миллиро бо дастовардҳои беназири соҳавӣ таҷлил хоҳем кард.

Бори дигар зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими нотакрори тоҷик Абӯалӣ ибни Сино, Иди касбии табибони Тоҷикистон ва фарорасии 31-умин солгарди ҷашни Истиқлолияти меҳан мубораку фархунда бод, табибони мушвиқу меҳрубон!

Ҳамеша тансиҳату хотирҷамъ ва муваффақу сарбаланд бошед, ҳамкасбони азиз!

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 910
  • 1,242
  • 949,930