Иди касбии табибони Тоҷикистон дар ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар сатҳи баланд таҷлил гардид

Иди касбии табибони Тоҷикистон дар ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Август 19
16:01 2022

Бахшида ба Иди касбии табибони Тоҷикистон дар гӯшаву канори мамлакат ҳамоишҳои идона доир гардиданд. Аз ҷумла бахшида ба ин санаи фархунда  18 август дар Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар  бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, кормандони соҳаи тиб ва дигар меҳмонон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода тамоми кормандани муассисаҳои тандурустии вилоят ва дар шахсияти онҳо кулли кормандони соҳаи тиббӣ ҷумҳуриро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, дар корҳои минбаъдаашон мувафақиятҳо таммано намуд. Раиси вилоят зимни суханронияш қайд намуд, ки  мояи сарфарозию ифтихормандист, ки тандурустӣ ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, баҳри ҳифзи сиҳатии омма ва рушди кори соҳа тадбирҳои ҳадафманд амалӣ гардида истодаанд.

“Шумо бояд хуб дарк намоед, ки таваҷҷӯҳи Пешвои муаззами миллат ба вилояти Хатлон, бахусус соҳаи тандурустии он бениҳоят бузург аст. Маҳз бо пешниҳод ва дастгирии Президенти мамлакат “Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” бо маблағи 1 миллиарду 315 миллион сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва шарикони рушд тасдиқ гардида, соли дуюм аст, ки дар маҳал амалӣ  шуда истодааст”-афзуд Қурбон Ҳакимзода.

Гуфта шуд, ки давоми 7-моҳи соли ҷорӣ барои сохтмон ва таъмири 25 – адад иншооти соҳаи тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи зиёда аз 10 млн. 148 ҳазор сомонӣ харҷ карда шудааст.

Барои расонидани хизмати саривақтӣ ба аҳолӣ дар ин давра ба вилоят 34 адад нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ ворид гардида, теъдоди нақлиёти ёрии таъҷилии дар хизмати мардум қарордошта ба 239 адад  расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 40 адад зиёд мебошад.

Масъалаи дурусту босифат нигоҳдории ваксина ва ё вояҳои Дар партави ҳидоятҳо ва бо дастгирӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар барои дар сатҳи баланду сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти кори соҳа, беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла хизмати суроғавӣ дар деҳот ва бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ҳудуди вилоят танҳо барои соҳаи тандурустӣ бунёди 468 иншоот, аз ҷумла 38 беморхона, 80 маркази саломатӣ, 196 бунгоҳи тиббӣ, 19 таваллудхона, 127 дорухона ва 14 нуқтаи хатнаро ба нақша гирифта шудааст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон диққати махсусро  барои рушди тибби хусусӣ равона мекунад. Соҳибкорони бонангу номус ва шахсони эҳсонкор феълан дар ҳудуди вилоят 165 адад муассисаҳои тиббии хусусиро бо истифода аз таҷҳизотҳои муосир дар хизмати мардум қарор доранд, ки бо истифода аз ин фурсат ба онҳо сипоси бепоён изҳор мекунам.

Ҳамчунин омода намудани кадрҳои ихтисосманди соҳа ва таъмини муассисаҳо бо табибон зери таваҷҷуҳи хосаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар миқёси вилоят таъсис ёфтани муассисаи олии касбии соҳаи тиб – Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара далели таваҷҷуҳи Пешвои миллат дар самти тайёр кардани мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ мебошад.

Ҳамчунин, ҷиҳати омода намудани кормандони миёнаи тиб дар вилоят дар баробари коллеҷҳои тиббии давлатӣ инчунин, 13 коллеҷҳои тиббии хусусӣ ташкил гардидааст, ки барои коҳиш додани норасоии кадрӣ нақши муҳим доранд.

Дар охири чорабинӣ зиёда аз 60 нафар кормандони тиб, барои фаъолияти  арзандаашон бо Ифтихорнома ва Сипосномаи раиси вилоят ва инчунин ба 6 нафар ғолибони озмуни “Вориси Сино” Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон ва ба ҳаряки онҳо маблағи панҷ ҳазор сомонигӣ тақдим гардонида шуд. Чорбинии Рӯзи командони соҳаи тиб бо барномаи фарҳанги ҳусни анҷом бахшид.

Ҳамзамон, 18 август дар Кохи «Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини сардори Раёсати тандурустии вилоят Маъруф Ҳоҷибоев, роҳбарон ва фаъолони соҳаи тандурустии шаҳр Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд.

Номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи тибро Маъруф Ҳоҷибоев ироа намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Боиси ифтихор аст, ки иди касбии кормандони соҳаи тиб бо мавлуди олими номвари тоҷик, алломаи машриқзамин Абӯалӣ ибни Сино, ки осори гаронбаҳояш ҳамчун ганҷинаи бебаҳои илм барои пешрафти соҳаи тандурустии тамоми олам хизмат мекунад, алоқамандии бевосита дорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, “мардуми куҳанбунёди тоҷик мисли Абӯалӣ ибни Сино, Абӯбакр Закариёи Розӣ садҳо донишмандонеро ба воя расонидаанд, ки осори онҳо то ба имрӯз аҳаммияти худро гум накарда, барои башарият ҳамчун раҳнамои тиббӣ хизмат менамоянд”. Шоистаи таъкид аст, ки дар кишвари маҳбубамон ва аз ҷумла вилояти Суғд таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи сиҳатии омма ҳамчун соҳаи афзалиятнок таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, ҷиҳати ҳифзи саломатӣ ва нигаҳдории тандурустии аҳолӣ, пешгирии гирифторшавии одамон ба касилиҳои гуногун, беҳдошти фаъолияти беморхонаву муолиҷагоҳҳо, муассисаҳои дигари тиббӣ чораҳои муассир андешида мешаванд”.

Сипас, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода кулли табибонро бо Иди касбиашон таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо маром рушд карда, ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст. Пайваста қабул ва амалӣ гардидани барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ вобаста ба соҳаи тандурустӣ аз таваҷҷўҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раҳнамоиҳои пайвастаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин раванд ба соҳаи тандурустии шаҳр аҳамияти аввалиндараҷа дода, баҳри пешбурди соҳа ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, бунёди иншооти муосири тиббӣ ва таъмин намудани онҳо бо технологияҳои навтарини ташхису табобат бомаром идома медиҳад.

Раиси шаҳр гуфт, ки табибони мо дар навбати худ ҷавобан ба чунин дастгириҳо баҳри беҳтар намудани саломатии мардум, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ шоиста меҳнат намуда, бо дасти мўъҷизакор, дониши мукаммал, сухани нек ба беморон саломатӣ ва умри дубора мебахшанд. Воқеан, дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошт ва хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Аҷдодони донишманди мо ба мисли Абўалӣ ибни Сино, Закариёи Розӣ ва дигарон ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки табибони муосири мо ворисони арзандаи гузаштагон гардида, осору истеъдоди онҳо дар кишвар ва хориҷи он эътироф мегарданд.

Баъдан, ба як қатор пешсафони соҳаи тандурустӣ ва ашхосе, ки бо кору пайкори худ ба пешрафти соҳа саҳми бориз гузоштанд, бо унвонҳои соҳавӣ, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд. Сипас, барномаи фарҳангӣ пешниҳоди ҳозирин карда шуд.

Инчунин, бахшида ба ин сана дар шаҳри Хоруғи ВМКБ низ бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ҳамоиши тантанавӣ доир гардид.

Раиси вилоят Алишер Мирзонабот иброз намуд, ки соҳаи тандурустӣ дар солҳои истиқлолият бо дастгирии бевоситаи Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бесобиқа намуд. Аз ҷумла, раванди инкишоф ва ислоҳоти соҳа дар ВМКБ низ марҳила ба марҳила амалӣ гардида, инфрсохтори замонавӣ, аз қабили беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, клиникаҳои хусусӣ бунёду навсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз гардиданд.

Агар соли 2005 барои соҳаи тандурустии вилоят аз буҷаи давлат 5 млн сомонӣ маблағ ҷудо гардида бошад, пас соли 2022 барои соҳа дар вилоят аз буҷети давлат 93 млн сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Агар соли 2006 ба аҳолии вилоят дар маҷмӯъ, 246 муассисаи табобатию профилактикӣ хизмати тиббӣ расонида бошанд, пас имрӯз шумораи ин муассисаҳо ба 401 адад баробар гардидааст.

Марказҳои саломатии деҳот аз 24 ба 50, бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳот аз 149 ба 171 адад расонида шуданд. Дар ин марҳила 9 муассисаи тиббии дорои фаъолияти хусусӣ дар вилоят ба хизматрасонӣ шурӯъ намуданд.

Дар идомаи ҳамоиш кормандони соҳаи тандурустии вилоят бо Ифтихорномаи Раиси вилоят, нишонҳои сарисинагии «Аълочии тандурустии Тоҷикистон», «Аълочии иттифоқҳои касабаи ҳифзи иҷтимоӣ» ва собиқадорони соҳа бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 720
  • 1,242
  • 949,740