Боздиди Шодихон Ҷамшед аз Муассисаи давлатии “Хона-интернати бемориҳои руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов”

Август 26
10:12 2022

25 августи соли равон дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед бо фаъолияти Муассисаи давлатии “Хона-интернати бемориҳои руҳӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов”  шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, имрӯзҳо барои бошандагони муассисаи мазкур тамоми шароит ва имконот фароҳам оварда шудааст.

Зимни шиносоӣ Шодихон Ҷамшед ҳамзамон бо рафти омодагии муассиса барои муътадил гузаронидани фасли зимистон дидан намуд.

Маълум гардид, ки роҳбарияти муассиса барои зимистонгузаронӣ омодагиии хуб дидаанд ва дар анбори он хӯрока ва дигар маводҳои ғизоии лозима захира  карда шудаанд.

Инчунин, дар идома Шодихон  Ҷамшед бо рафти корҳои ободонӣ ва таъмирии муассисаи мазкур низ шинос шуд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба бошандагон ба роҳбарияти муассиса дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 957
  • 1,242
  • 949,977