Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат якчанд масъалаҳои муҳим мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд

Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи вазорат якчанд масъалаҳои муҳим мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд
Сентябр 03
14:59 2022

3 сентябри соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовинони Шодихон Ҷамшед, Абдухолиқ Амирзода, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, роҳбарони Хадамотҳои соҳавӣ,  сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, роҳбарони марказҳои ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур панҷ масъала-“Вазъи ҷории фаъолиятҳои инноватсионӣ ва фарогирии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба курсҳои такмили ихтисос”, “Ҷараёни татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ва аз 27 июли соли 2016, №336 “Оид ба гузаронидани муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ” дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ”, “Натиҷаи таҳлили ҳолатҳои фавти беморон дар муассисаҳои сатҳи беморхонавии ҷумҳурӣ ва вазъи бақайдгирии ҳодисаҳои фавт дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ”, “Таҳлили фавти кӯдакони синни то 5 сола дар муассисаҳои табобатии шаҳру  ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2021 ва нимсолаи соли 2022” ва “Воҳидҳои кории мавҷудбуда, бандбуда  ва холии кормандон” мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамин тавр, доир ба мавзӯи якуми ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Шодихон Ҷамшед маълумот пешниҳод намуд.

Тавре номбурда иброз дошт, фаъолияти инноватсионӣ дар низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ” аз 16 апрели соли 2012 №822, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ” аз 5 январи соли 2008,№359, Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраи то соли 2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2015, №354 тасдиқ шудааст, Консепсияи рушди низоми хизматрасонии иҷтимоӣ”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2013, №446 тасдиқ шудааст  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба роҳ монда шуда, вобаста ба шароити мавҷуда ва имкониятҳои молиявию зеҳнии соҳа тадриҷан ташаккул ва рушд ёфта истодааст.

Тавре маълум аст, “фаъолияти инноватсионӣ” – фаъолияте ба шумор меравад, ки ба таҳия ва ҷорӣ намудани инноватсия (навоварӣ дар соҳаи техника, технология, кор ва хизматрасонӣ) алоқаманд буда, бо истифодаи комёбиҳои илм ва технологияи пешқадаме асос ёфтааст, ки самаранокии баланди истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ дорад.

Бояд гуфт, ки дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, хусусан ташкили кори иҷтимоӣ маъмулан намудҳои зерини фаъолияти инноватсионӣ дохил мешаванд: ҷорӣ намудани ғояҳо ва дастовардҳои нави илмӣ дар сохтори идоракунии соҳа, пешниҳоди хизматрасонии иҷтимоӣ ва пардохтҳои иҷтимоии давлатӣ, иҷро ва хизматрасонии корҳои илмию таҳқиқотӣ, амалӣ намудани лоиҳаҳои иҷтимоии инноватсионӣ, ки барои ба даст овардани маҳсулоти нави протезию ортопедӣ ё такмилдодашуда, усули нав ё такмилдодашудаи пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба ҷорӣ намудани механизмҳои нави муосир ё такмилдодашудаи пардохтҳои иҷтимоӣ равона шуда, ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти иҷтӣимоии ҷомеа ва беҳтар намудани некуаҳволии шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор дошта мусоидат хоҳанд кард.

Бо мақсади ташкил ва рушди инфрасохтори инноватсионӣ ва ба роҳ мондани инноватсиояи иҷтимоӣ ҳанӯз солҳои 2012-2013 дар доираи амалишавии Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, №227 қабул карда шудааст ва Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006, №783 дар назди Вазорати тандурустии мамлакат бо қарори дахлдори Ҳукумати мамлакат аз 2 ноябри соли 2012, №628 Муассисаи давлатии “Маҷмааи таълимию таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳо” таъсис дода  шуд.

Дар ин росто, иттилоъ дода шуд, ки давоми солҳои охир аз 10 маркази хизматрасонии иҷтимоии будубоши рӯзона барои шаҳрвандони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта, аз ҷумла кӯдакони маъюб то 53 марказ васеъ карда шуда, ҳиссаи фарогирии эҳтиёҷмандон аз 1000 нафари соли 2014 то 13 000 нафар шашмоҳаи аввали соли 2022 расонида шудааст.

Дар баробари ҷорӣ гардидани технологияи роҳнамоии инфиродии хизматҳои иҷтимоӣ маҳаки нави дастгирии иҷтимоии шахсони маъюб ва пиронсолон-роҳандозӣ шудани шаклҳои наву инноватсионии хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ, ба монанди эрготерапия (кордармонӣ), тандармонӣ (физическаятерапия), мусиқидармонӣ, (арт-терапия- усулҳои тавонбахшии маъюбон тавассути санъати бадеӣ, мусиқӣ ва рақс), бозидармонӣ (игровая терапия) барои кӯдакони маъюб, ташкили ҳуҷраҳои сенсорӣ ва монанди инҳо аз зумраи навгониҳои соҳа ба шумор рафта, имрӯзҳо дар марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ васеъ истифода карда мешаванд.

Яке аз методҳои инноватсионии тавонбахшии шахсони имконияташон маҳдуд, хусусан кӯдакон-ин иппотерапия (аспсаворӣ) мебошад. Аспсавории табобатӣ барои кӯдакон ва калонсолон, ки ба барқарорсозии ҷисмонӣ, равонӣ-иҷтимоӣ ва шахсият эҳтиёҷ доранд, равона шудааст. Ин шакли тавонбахшии иҷтимоӣ айни замон дар марказҳои миллии тавонбахшии “Чорбоғ” ва Балҷувон истифода бурда мешавад.

Ҳамин тариқ, амалишавии фаъолиятҳои инноватсионӣ ва фарогирии кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба курсҳои такмили ихтисос дар давраи ҳисоботӣ тавре ки аз таҳлилҳо бармеояд, айни замон ба як низоми муттасил ва муҳим даромада, новобаста аз баъзе мушкиливу камбудиҳо тадриҷан вусъат ёфта истодааст.

Тавре ки дар Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон назди худ мақсаду ҳадафҳои воло, вале ноилшавандаи рушди дарозмуддат ва дар ояндаи начандон дур таъмин намудани сатҳи баланди некӯаҳволӣ ва беҳтаршавии сифати зиндагии аҳолиро мегузорад. Яке аз роҳҳои имконпазири ноилшавӣ ба ин ҳадафҳо-ин гузариши иқтисодиёти миллӣ ба модели рушди инноватсионии тамоюли иҷтимоидошта мебошад.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар идомаи суханронии хеш вобаста ба паҳлуҳои дигари масъалаи мавриди назар низ маълумот пешниҳод кард.

Дар робита ба мавзӯи дуюми ҷаласа, яъне “Ҷараёни татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” ва аз 27 июли соли 2016, №336 “Оид ба гузаронидани муоинаҳои ҳатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ” дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ” сардори Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Шарифов Зайнулло иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки мутобиқи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ раванди ислоҳоти маблағузории соҳа дар кишвар бомаром идома дорад. Ҷиҳати кам намудани сарбории буҷет, аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмӣ, ҳавасманд гардонии кормандон, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳо аз соли 2008 татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 “Дар бораи Тартиби хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” амалӣ гардида, то имрӯз тавсеа ёфта истодааст. Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар сатҳи 4 шаҳру ноҳия (шаҳри Турсунзода ва ноҳияҳои Рашт, Данғара ва Спитамен) оғоз гардидааст. Ҳамчунин дар соҳа аз соли 2016 раванди гузаронидани муоинаҳои хатмии пешакӣ ва давравии тиббӣ ба таври расмӣ музднок ба роҳ монда шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки айни ҳол дар соҳаи тандурустӣ дар самти хизматрасониҳои музднок 284 муассиса тибқи талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 “Дар бораи Тартиби хизматрасониҳои тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ”, 31 шаҳру ноҳияҳо бо тартиби қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз  1 майи соли 2020, №252 “Дар бораи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кӯмаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” амалӣ гардида истодааст.

Бояд қайд кард, ки айни ҳол тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, таҳти №600 «Дар бораи Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ” дар асоси шаҳодатномаҳои додашудаи комиссияи доимоамалкунандаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 31 муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳуриявӣ ба хизматрасонии музднок машғул мебошанд.

Дар идомаи ҷаласа оид ба “Натиҷаи таҳлили ҳолатҳои фавти беморон дар муассисаҳои сатҳи беморхонавии ҷумҳурӣ ва вазъи бақайдгирии ҳодисаҳои фавт дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ” муовини сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Олимов Давлатмурод ва дар мавзӯи “Таҳлили фавти кӯдакони синни то 5 сола дар муассисаҳои табобатии шаҳру  ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2021 ва нимсолаи соли 2022” сардори Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи вазорат Зоир Набиев ба ҳозирин маълумот пешниҳод карданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ  маҳз дар натиҷаи андешидани чораҳои муҳиму саривақтӣ, пурзӯр намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ фавти беморон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустии кишвар бамаротиб коҳиш ёфтааст.

Дар натиҷаи қадамҳои устувор гузоштан дар самти ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла дар соҳаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон Ҳукумати Тоҷикистон бо истифода аз усулҳои камхарҷи ташхис ва табобат ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Тибқи омори расмӣ, агар нишондиҳандаи фавти кӯдакони синни то 1- сола соли 1991 ба 40,9 баробар бошад, ин нишондод дар соли  2019 ба 14,9  нисбати 1000 зиндатаваллудро ташкил намуд. Нишондиҳандаи фавти модарон дар соли 1991 ба 97,7 нисбати 100 000 зиндатаваллуд ва дар соли 2019 ба 24,0 нисбати 100 000 зиндатаваллуд баробар шуд. Дар ин росто, қайд намудан ба маврид аст, ки фавти  кӯдакони то 1 сола дар шаш моҳи соли 2022 ба 12,1 нисбати 1000 зиндатаваллуд ва фавти модарон ба 24,5 нисбат ба 100 000 зиндатаваллуд баробар гаштааст.

Новобаста ба натиҷаҳои ба даст омада, ба тамоми роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати пешгирии фавти беморон ва кӯдакон дар муассисаҳои тандурустӣ тадбирҳои назоратиро боз ҳам пурзӯр намоянд.

Вобаста ба масъалаи “Воҳидҳои кории мавҷудбуда, бандбуда  ва холии кормандон” сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, директорони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказӣ ва роҳбарони шабакаи КАТС-и шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ ҳисобот доданд.

Таъкид гардид, ки таъмини муассисаҳои тандурустӣ бо мутахассисони баландихтисос зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат марҳила ба марҳила чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Дар ин росто, ба сардорони раёсатҳои тандурустии  шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд, директорони муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, сартабибони беморхонаҳои марказӣ ва роҳбарони шабакаи КАТС-и шаҳру ноҳияҳои  тобеи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати ҳавасмандгаронии табибон чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар фарҷоми ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, аз ҷумла кӯмаки аввалияи тиббӣ, пурзӯр намудани корҳои ободониву созандагӣ, иҷрои саривақтии барномаҳои соҳавӣ, омодагӣ ба зимистонгузаргонӣ, ҷоннок намудани раванди иммунизатсия бар зидди  бемории COVID-19, одоби муоширати кормандони тиб, аз ҷумла табибон бо беморон, ҷавоб додан ба муроҷиати шаҳрвандон, ба тамоми масъулон-роҳбарони муассисаҳои тандурустии кишвар супоришҳои қатъӣ доданд.

Доир ба мавзӯҳои  баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 967
  • 1,242
  • 949,987