Мутобиқ ба талаботи замони муосир бароҳ мондани хизматрасонии тиббӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази диққати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Ҳамин аст, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии давлатӣ ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бобати таъмини сиҳатии омма бо ибтикори роҳбарияти олии Ҳукумати мамлакат як қатор муассисаҳои таълимӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар ин росто, маврид ба тазаккур аст, ки ҷиҳати тайёр намудани мутахассисон дар риштаи ҳифзи иҷтимоӣ ҳанӯз дар соли 2019 дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” мавриди истифода қарор дода шуд.
Он замон дар ҷараёни маросими ифтитоҳи бинои таълимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуда буданд, ки дар назди маркази таълимии мазкур бояд Маркази клиникӣ, илмӣ-таълимӣ сохта шавад.
Дар робита ба иҷрои дастури Пешвои муаззами миллат дар як муддати кӯтоҳ дар назди МТҒ “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” Маркази клиникӣ, илмӣ -таълимӣ бо маблағгузории Корхонаи воҳидии давлатии “Саноатсодиротбонк” сохта шуда, он имрӯз 20 сентябри соли равон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маросими ба истифода додани маркази таълимии мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Муассисаи таълимии ғайридавлатии “Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон” иштирок намуданд
Маврид ба ёдоварист, ки масоҳати умумии марказ тибќи нишондодҳои шиносномаи он 3704 м2 – ро ташкил медиҳад, ки дар он шӯъбаҳои ҷарроҳӣ, эндоурология, бемориҳои дарунӣ, гинекологӣ, озмоишгоҳ, дармонгоҳ ва ғайра ҷойгир карда шудаанд. Инчунин, дар марказ синфхонаҳо барои гузаштани машғулиятҳои амалӣ фаъолият менамоянд.
Айни ҳол дар марказ зиёда аз 50 нафар табибон-омӯзгорон фаъолият карда истодаанд.
Маркази клиникӣ бо оксигени мутамарказонидашуда муҷаҳҳаз гардонида шуда, дар он барои шустушӯй ва тамизгардонии маводи ҷарроҳон ва беморон автоклав ва мошинаҳои ҷомашӯӣ мавҷуд мебошанд. Дар таҳхонаи марказ дорухона, гардиреб, ҳуҷра барои гузаронидани малакаҳои амалӣ муҳайё карда шудааст.