Рушди муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳияи Ҷаббор Расулов дар заминаи азнавсозии муассисаҳои тиббӣ

Сентябр 23
17:25 2022

Дар тамоми давру замон соҳаи тандурустӣ дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи афзалиятнок эътироф шуда, дар доираи татбиқ ва роҳандозии барномаҳои гуногуни давлатӣ дар ин самт корҳои муайян ба анҷом расидаанд. Ҳамин аст, ки дар давоми қариб се даҳсолаи охир ва ё таи солҳои Истиқлоли комили миллӣ соҳаи тандурустӣ дар мамлакат бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар заминаи ваҳдату ягонагӣ, пойбарҷо будани Истиқлолияти комили давлатӣ  соҳаи тандурустӣ, ки ҳомии сиҳатии сокинон аст, дар қатори дигар соҳаҳои муҳим дар қаламрави мамлакат  рушду намӯи хоссаеро касб кардааст. Ҳамин аст, ки дар давоми Соҳибистиқлолии кишвар  шумораи беморхонаву дар умум муассисаҳои соҳаи тандурустӣ якчанд маротиб зиёд гардида, марказҳои сиҳатӣ бо муосиртарин дастгоҳу лавозимоти тиббӣ таъмин гардиданд ва дар замина вазъи хизматрасонии тиббӣ боло бардошта шуд, инчунин дастовардҳои илмиву амалии соҳавӣ боис гашт, ки мушкилтарин ҷарроҳиҳо бо ҳузури мутахассисони соҳибтаҷриба гузаронида шавад.

Маврид ба тазаккур аст, ки дастовардҳои илмиву амалӣ дар сохтори муассисаҳои  тандурустии сар то сари мамлакат ба миён омадааст. Агарчӣ дар солҳои қаблӣ вазъи хизматрасонии босифати тиббӣ ва гузаронидани амалиёти ҷароҳии хурду бузург дар муассисаҳои тиббии шаҳрҳову маркази вилоятҳо гузаронида мешуд, имрӯзҳо рушди соҳаи тибб дар дурдасттарин минтақаҳои кишвар баръало мушоҳида мегардад.

Воқиеан имрӯз дар саросари мамлакат вазъи беҳдоштӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шуда, дар беморхонаву муассисаи соҳаи тандурустӣ ҳатто амалӣ гардидани мушкилтарин ҷарроҳиҳо бароҳ монда шудааст, ки ин ҳама дастовардҳо пеш аз ҳама аз суботи ҷамъиятиву таваҷҷӯҳи хоссаи ҳукумати мамлакат ба сиҳатии омма нигаронида шудааст.

Соҳаи тандурустии ноҳияи Ҷаббор Русулови вилояти Суғд ва хоссатан вазъи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои кӯмаки авалияи тиббӣ санитарии ноҳия низ дар қатори дигар минтақаҳои мамлакат аз самараи суботи комил ва Истиқлоли миллӣ ба хуби баҳравар гардида,   рӯ ба беҳбудӣ оварда ба якчанд дастовардҳо ноил гардид.  Дар солҳои Истиқлоли комили миллӣ   азнавсозиву бунёдкории муассисаи кӯмаки аввалияи тиббиву санитании ноҳия ба дастовардҳои илмиву амалӣ дастёб шуданд.  

Агар танҳо ба дасторвадҳо дар самти хостмону азнавсозӣ назар афканем, дида мешавад, ки дар солҳои охир таҳти сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд хоссатан дар ҳамкории мутақобила бо  Бонки умумиҷаҳонӣ  дар заминаи татбиқи Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ»   4 адад Маркази саломатии деҳот        ба маблағи 8105286,5 сомонӣ сохта ба истифода дода шуд, ҳамагӣ ба маблағи 1899022 сомонӣ бо таҷҳизотҳои замонавй  таъмин карда шудааст  аз он ҷумла:

Маркази саломатии деҳоти   «Меҳробод» соли 2018 аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонии ба  маблағи  2323374 сомонӣ сохта шуда, ба маблағи 744341,96 сомонӣ  бо  таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин карда шуда,  ба  истифода дода шуд.

Маркази саломатии деҳоти   «Пориж  – Коммуна»   соли 2018 ба маблағи 1743256,18 сомонӣ сохта шуда, ба маблағи  345425,77 сомонӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин карда шуда,  ба истифода дода шуд.

Маркази саломатии деҳоти   «Гулхона»  соли 2019 ба маблағи 1822918,53 сомонӣ сохта шуда, ба маблағи 299764,42 сомонӣ бо таҷҳизоти замонавй таъмин карда шуда,  ба истифода дода  шуд.

Маркази саломатии деҳоти   «Хитой ќишлоќ» соли 2019 ба маблағи 2215737,95 сомонӣ сохта шуда, ба маблағи 363096 сомонӣ бо таҷҳизотҳои замонавӣ таъмин карда шуда,  ба истифода дода шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки танҳо дар   9 моҳи соли 2022 таҳти сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии пайвастаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмониву муҷаҳҳазсозии муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ назаррас буда, дар ин давра  дар  Маркази  саломатии ноҳия  бинои маъмурият  аз нав ташкил  карда шуда,  дар он ба маблағи 11500 сомонӣ таъмири  капиталӣ  гузаронида шуд.

Маркази саломатии деҳотии “Деҳмой” дар ҷамоати  Деҳмой   пурра аз  таъмири капиталӣ бароварда  шуд. Дар Маркази саломатии деҳотии “Тоҷикобод” дар ҷамоати Гулхона  бошад   дар моҳи январи соли ҷорӣ таъмири куллӣ бо роҳи ҳашар  оғоз гашта,  моҳи март ба истифода дода шуд. Маркази саломатии деҳотии “Навбунёд”  дар ҷамоати Гулхона  ба маблағи 11700 сомонӣ ва аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ 10000 сомонӣ  пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуд. Бинои  замонавии бунгоҳи саломатии “Зарафшон-2”  дар ҷамоати Сомониён ҷойгир буда, дар асоси  дархости  роҳбарияти муассисаҳои КАТС-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо дастгирии Маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов  ва шарикон оид ба рушд азнавсозӣ гардид.

Ҳамзамон дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ низ назаррас буда, таҳти дастгириҳои эшон сарфаи хароҷоти  сохтмон ва таъмири муассисаҳои мазкур  ҳамагӣ 103500 сомониро ташкил дод.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2018  боми бинои маркази саломатии ноҳия аз ҳисоби як рўзаи музди маоши коргарони соҳаи тибби ноҳия   ва ќисман аз суратҳисоби махсуси ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳти №600 ба маблағи 38000 сомонӣ бо пуррагӣ аз нав болопўш карда шуд. Ҳамзамон бинои  Маркази саломатии деҳотии “Ғўлакандоз”  бо пуррагӣ аз таъмири куллӣ    бароварда шуд. Беруни бинои Маркази саломатии деҳотии “4-маҳалла” пурра аз таъмири косметикй   бароварда шуд. Инчунин дар бунгоҳи саломатии “Зафаробод”-и ҷамоати Меҳргон корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

Ҳамзамон гуфтан ба маврид аст, ки дар доираи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳури Тоҷикистон, Бонки Умумиҷаҳонӣ      2 дада нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва як адад нақлиёти хизматрасонӣ  ба марказҳои саломатӣ дастрас гардид.

Гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббиву санитарии ноҳия мутобиқ ба шароити замон фаъолияти тиббиро роҳандозӣ намуда, бо тамоми лавозимоти соҳавӣ таъмин мебошанд. Ҳамин аст, ки имрӯз ходимони соҳаи тибб баҳри сиҳатии омма аз тамоми имконот истифода бурда, бо муҳаё будани шароити хуби корӣ фаъолияти назарраеро пиёда сохтаанд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,108
  • 1,242
  • 950,128