Октябр 05
11:38
2022
Дар доираи лоиҳаи “Таҳкими омори демографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз ҷониби Хазинаи нуфуси СММ (UNFPA) ва бо маблағгузории Федератсияи Россия амалӣ мешавад, ба Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тибби”-ӣ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адади компютер, ноутбук ва принтер тақдим намуд.
Зимни маросими супоридани таҷҳизоти зикршуда қайд гардид, ки бахши омор яке аз самтҳои муҳим ба шумор рафта, ҳадаф ва мақсади он ҷамъоварии маълумоти дурусту дақиқ ва асоснок мебошад.
Роҳбарият ва кормандони маркази мазкур ба ташаббускорони ин иқдом изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуда, иброз доштанд, ки бо истифода аз чунин таҷҳизоти замонавӣ фаъолияти хешро боз ҳам беҳтар хоҳанд намуд.