БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Дар ноҳияи Шаҳринав бинои шуъбаи сироятии замонавӣ ба истифода дода шуд

БА ИСТИҚБОЛИ 30-СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ. Дар ноҳияи Шаҳринав бинои шуъбаи сироятии замонавӣ ба истифода дода шуд
Октябр 10
16:32 2022

8 октябр ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бинои шуъбаи бемориҳои сироятии Беморхонаи марказии ноҳия баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ  қарор гирифт, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав.

Дар маросими ифтитоҳи он муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Абдухолиқ Амирзода  ва  Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода иштирок намуданд.

Шуъбаи бемориҳои сироятӣ дорои 8 ҳуҷраи муолиҷавӣ ва ҳуҷраҳои корӣ буда, дорои  20 кати хоб мебошад. Ҳамзамон шуъбаи мазкур  бо дастгоҳу таҷҳизоти замонавии Кардиоманитор, Пирометр, Дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, Луобкашак, Оксигенератор, Ларингоскоп, Пулсоксиметр ва ЭКГ таъмин шудааст.

Хушбахтона, дар доираи таҷдиди шуъбаи мазкур дар беморхона коргоҳи  истеҳсоли оксигени тиббӣ насб гардида, хати таъмини кислород муҳайё карда шуд. Дар беморхона дастрасӣ ба хати кислород умуман мавҷуд набуд ва ҳангоми зарурат он ҳатман аз шаҳри Душанбе ё Турсунзода дастрас карда мешуд.

Дар шуъбаи мазкур барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имконияти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Шуъбаи бемориҳои сироятӣ ҷиҳати пешгирӣ ва ҳифзи солимии сокинон аз бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз ҷумла Ковид-19 таҷдиду навсозӣ гардидааст.

Ҳангоми шиносоӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода иброз намуд, ки “бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи тандурустӣ шуъбаи мазкур навсозӣ шуда, дар он тамоми шароити зарурии корӣ муҳайё гардонида шуд. Масъулинро мебояд дастгоҳу воситаҳои муосири тиббиро босамар истифода ва бо беморон муомилаи хуб кунанд”.

Раиси ноҳияи Шаҳринав Абдуқодир Вализода изҳор дошт, ки “ҳоло дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бунёду навсозии беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, табобатхонаю дармонгоҳҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Зеро бо татбиқи амалии барномаҳои миллӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат, махсусан дар ноҳияи Шаҳринав комёбиҳо назаррасанд. Ин раванд имкон дод, ки соҳаи тандурустӣ бештар рушд намояд ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардад”.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 919
  • 1,242
  • 949,939