Арманистон: Намояндагони Тоҷикистон дар машварати корӣ таҳти унвони “Зиндагии мустақили маъюбон дар давраи бемории ҳамагир ва пас аз он” иштирок намуданд

Арманистон: Намояндагони Тоҷикистон дар машварати корӣ таҳти унвони “Зиндагии мустақили маъюбон дар давраи бемории ҳамагир ва пас аз он” иштирок намуданд
Октябр 12
15:58 2022

11 октябри соли равон дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон таҳти унвони “Зиндагии мустақили маъюбон дар давраи бемории ҳамагир ва пас аз он” машварати корӣ оғоз гардид, ки дар кори он аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” Асадулло Зикрихудоев иштирок намуданд. Машварати мазкур  то пагоҳ, 13 октябр идома ёфта, дар он мутахассисон аз як қатор кишварҳо, аз ҷумла  Россия, Арманистон, Қазоқистон. Ӯзбекистон ва Қирғизистон  иштирок доранд.

Зимни иштирок дар машварати корӣ намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти  ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва амалишавии он дар  мамлакат маълумот доданд.

Ҳамзамон, таҷрибаи Арманистон дар самти ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ва амалишавии он дар ин кишвар низ аз ҷониби мутахассисони Тоҷикистон омӯхта шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки 22 марти соли 2018 дар ҳошияи кушодашавии чорабинӣ бахшида ба Оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка зери Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб имзо гузоштанд.

Ҳамин тавр Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб гардид.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи шахсони маъюб аз тарафи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 13 декабри соли 2006 қабул гардида, 3 майи соли 2008 баъди аз ҷониби 20 давлати олам тарафдорӣ ёфтан, ҳукми қонунӣ гирифт.

Баҳри амалишавии муқаррароти конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №116 «Нақшаи  миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тавсиб расонидани Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024” қабул гардид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 934
  • 1,242
  • 949,954