“Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон” ба шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ сафар намуд

“Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон” ба шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ сафар намуд
Октябр 14
11:03 2022

Соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоии давлат ба шумор рафта, солҳои охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин аз сиёсати хирадмардонаи Сарвари давлат вобаста ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шаҳодат медиҳад.

Бо мақсади иҷрои фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми сентябри соли 2022, №712 аз ҳисоби мутахассисони варзидаи вазорат аз ҷониби Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри Душанбе гӯруҳи корӣ созмон дода шуда, ба шаҳру ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ сафарбар карда шуданд.

Рӯзҳои 10-11 октябри соли ҷорӣ «Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон» ба шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнии  вилояти Суғд сафар намуд. Дар ҷараёни маъракаи мазкур ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани савияи дониши кормандони бахшҳои ҳифзи иҷтимоии маҳалҳо, инчунин сатҳи иттилоотнокии кормандони шабакаҳои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ семинар-машваратҳо гузаронида шуда, ба ниёзмандони ин минтақаҳо 12 номгуи воситаҳои ёрирасони техникӣ, аз қабили роҳравакҳои гуногун, асо барои нобиноён, асабағалҳо, курсӣ барои ҳаммом ва ҳоҷатхона, телефонҳои мобилии соддакардашуда, тахтачаҳои иттилоотӣ (доска Брайла) ва дигар намуд воситаҳои офиятбахшӣ дастрас карда шуд.

Ҳамзамон, мутахассисони корхона ба бошандагони «Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Панҷакент» ва ба шахсони қобилияти маҳдуддоштаи минтақа хизматрасониҳои протезию ортопедӣ расониданд.

Лозим ба ёдоварист, ки “Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон» минтақаҳои дурдасти ҷумҳуриро дарбар гирифта, ба шахсони  имконияташон маҳдуд хизматрасониҳои протезӣ-ортопедӣ ва воситаҳои офиятбахшӣ расонида мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 740
  • 1,242
  • 949,760