Ҳадаф аз амалинамоии ҳама лоиҳаҳои инвеститсионӣ дастгирии ин ё он саҳа аст. Дар самти ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустии аҳолӣ низ лоиҳаҳое амалӣ мешаванд, ки барои рушди соҳа ва дастгирии бештари муттахассисон равона карда шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ фаъолият дорад, дастгирии мутахассисони соҳаи тиб дар 16 ноҳияи таҷрибавӣ аст. Дар ин ноҳияҳо кормандон бо маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) бархурдор буда, барои сифатнокии химатрасонӣ ва кумаки саривақтӣ дастгирӣ карда мешаванд.
Тибқи муқаррароти маблағҳо дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) пас аз се даври санҷиш муайян ва пардохт карда мешаванд.
Бо мақсади иҷроиши талаботҳои муқаррарнамудаи “Дастурамал оид ба амалисозии МАНФ” Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, барои гузаронидани верификатсияи дохилии нишондиҳандаҳои муассисаҳои таҷрибавӣ интихоб гардида, дар якҷоягӣ бо Гурӯҳи татбиқкунандаи Лоиҳа фаъолияти босамар дорад. Аз ибтидои татбиқи Лоиҳа то ба имрӯз ҳамагӣ 24 давраи верификатсияи дохила дар муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияҳои таҷрибавии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ноҳияи Файзобод (НТҶ) ва Дарвоз (ВМКБ) гузаронида шудааст. Дар давраи верификатсия аз ҷониби мутахассисони масъули Хадамоти назорати давлатии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мушовирони соҳавӣ, сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии ноҳияҳои таҷрибавӣ, инчунин эътимоднокӣ ва дақиқии маълумотҳои аз ҷониби кормандони муассисаҳои тиббӣ пешниҳодшуда, барои пардохти маблағҳои иловагӣ дар асоси натиҷаи фаъолият муайян ва тасдиқ карда мешавад.
Дар доираи амалишавии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ”, бо мақсади дастгирии бештари мутахассисони Хадамот ва фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ, ба онҳо таҷҳизоти техникиву компютерӣ харидорӣ ва дастрас карда шуда буд. Имруз ду адад мошини хизматиитамғаи Хундай туксон (Hyundai Tucson) барои мусоидат дар гузаронидани верификатсияи дохилӣ, баҳодиҳӣ ва санҷиши фаъолияти муассисаҳои тиббӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии лоиҳа, харидорӣ карда шуд. Мошинҳои хизматӣ аз ҷониби муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, бо иштироки мутахассисони Лоиҳа, ба сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода бо тантана супорида шуданд.
Интизор меравад, ки бо дастрасӣ ба мошинҳои хизматӣ сифати кори мутахассисони Хадамот боз ҳам боло рафта, барои амалишавии босамари Лоиҳа мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин ин нақлиёти хизматӣ метавонад таи солҳои зиёде ба ин сохтор кумак расондаву шароити кории онҳоро боз ҳам беҳтар гардонад.