Дар асоси нақшаи амалҳо зимни баргузории «Корвони хизматрасонии тавонбахшӣ, воситаҳои ёрирасон ва муоинаи маъюбон” ҳайати кормандони корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ” -и шаҳри Душанбе ба ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритуси вилояти Хатлон сафар кард.
Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ин ноҳияҳо вохурии мутахассисони корхона бо маъюбони минтақа, бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мутахассисони шуъбаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ доир карда шуд. Иштирокчиён аз фаъолияти истеҳсолии корхона, баргузории чорабинии мазкур, ки бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст ва бо дастгирии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, маълумоти зарурӣ пайдо кардаанд.
Дар ҷараёни сафар ба маъюбони ин минтақаҳо 158 адад воситаҳои тавонбахшӣ расонида шуд.
Ҳамзамон, зиёда аз 20 нафар маъюбон аз ташхиси мутахассисони соҳа, протезистҳо, ортопедҳо ва мутахассисони воситаҳои ҳаракаткунанда гузашта, инчунин бо воситаҳои тавонбахшӣ таъмин карда шудаанд.