Шаҳристон: Бунгоҳи саломатии деҳаи Навкент ба истифода дода шуд

Шаҳристон: Бунгоҳи саломатии деҳаи Навкент ба истифода дода шуд
Октябр 27
17:26 2022

Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ-35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониву созандагӣ дар муассисаҳои тандурустии мамлакат бомаром идома доранд.

Дар доираи ин иқдом санаи 27 октябри соли равон дар деҳаи Навкенти ноҳияи Шаҳистон як Бунгоҳи саломатии замонавӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки зимни ифтитоҳи он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, ноҳияи Шаҳристон, Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва доираи васеи кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи мазкур иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки солҳои охир баҳри баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона сохта, дар ин ҷода дар тамоми гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои тандурустии хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо лавозимот ва таҷҳизоти тиббӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Тавре иттилоъ дода шуд,  корҳои сохтмонии бунгоҳи саломатии мазкур соли 2021 оғоз гардида, он бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд гардидааст.

Бунгоҳи саломатӣ аз 8 ҳуҷра иборат буда, он аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон бо лавозимот ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, ин муассисаи тандурустӣ ба 5 ҳазору  666 нафар  аҳолии ноҳияи Шаҳристон дар сатҳи баланд хизматрасонии тиббӣ хоҳад расонид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 628
  • 1,242
  • 949,648