Гузаронидани сертификатсияи “кишвари аз вараҷа озод”: Бо ин мақсад Миссияи Бюрои минтақавии Аврупогии СУТ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Гузаронидани сертификатсияи “кишвари аз вараҷа озод”: Бо ин мақсад  Миссияи Бюрои минтақавии Аврупогии СУТ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард
Октябр 28
12:23 2022

Дар робита ба гузаронидани сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун “кишвари аз вараҷа озод” аз 17 то 26 октябри соли равон Миссияи Бюрои минтақавии Аврупогии СУТ  аз  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дидан намуд.

Маврид ба зикр аст, ки моҳи сентябри соли 2021 аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии директори генералии СУТ ва директори Бюрои минтақавии Аврупогии СУТ оид ба гузаронидани сертификатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун “кишвари аз вараҷа озод” дархост пешниҳод гардида буд.

Дар асоси ин дархост, аз 17 то 26 октябри соли ҷорӣ Комиссияи коршиносони мустақили байналмилалӣ дар ҳайати профессорон Педро Алонсо ва Фред Бинка, инчунин, намояндаи Бюрои минтақавии Аврупогии СУТ доктор Ҳонг Ли ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Ҳадафи боздид-арзёбӣ ва баҳодиҳии омодагии ҷумҳурӣ ба раванди сертификатсиякунонӣ ҷиҳати ноил шудан ба мақоми “кишвари аз вараҷа озод” ба ҳисоб меравад. Дар доираи сафари худ Комиссияи байналмилалӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо роҳбарияти вазорат вохуриҳо гузарониданд.

Ҳамзамон, ҳайати Комиссияи байналмилалӣ аз Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ”, МДТ “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино”, МДТ “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, МД “Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе” ва инчунин аз марказҳои мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ ва муассисаҳои марбутаи табобатию профилактикии шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Дарвоз, Ш. Шоҳин, Ваҳдат ва МНДСЭ-и ноҳияи Восеъ боздид намуда, ба ҳуҷҷатҳои зарурӣ шинос шуданд ва фаъолияти онҳоро ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вараҷа дар давоми 10 соли охир баҳогузорӣ намуданд.

Дар ин асно, санаи 26 октябри соли равон муовини  якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ҳайати Комиссияи байналмилалиро ба ҳузур пазируфт, ки  ки зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои арзёбии фаъолияти муассисаҳои дар боло зикршуда дар самти элиминатсияи бемории вараҷа маърӯза намуданд.

Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ, аз ҷумла бемории вараҷа (табларза, малярия)  ба як қатор комёбиҳо ноил гарадидааст. Дар заминаи амалисозии барномаҳои миллӣ ва нақшаҳои стратегӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории вараҷа дар ҷумҳурӣ аз соли 2015 инҷониб ҳодисаҳои маҳаллии  бемории вараҷа ба қайд гирифта нашудааст.

Нишондоди мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дод, ки ҳуҷҷатҳои заруриро барои ноил шудан ба Сертификати Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамчун “кишвари аз вараҷа озод” омода намуда, ба ин Созмони бонуфуз (СУТ) дархост пешниҳод намояд.

Моҳи июни соли 2021 мутобиқи талаботи СУТ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҳисоботи миллӣ оид ба элиминатсияи вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба  Бюрои минтақавии Аврупогии СУТ пешниҳод гардид.

Ҳисоботи Комиссияи мазкур ба унвонии директори БМА СУТ пешниҳод гардида, оид ба натиҷаи ниҳоии ноил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Сертификати СУТ ҳамчун “кишвари аз вараҷа озод” дар давоми се моҳи оянда хабарномаи БМА СУТ ирсол мегардад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 712
  • 1,242
  • 949,732