Сафари кории Ҷамолиддин Абдуллозода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон

Сафари  кории  Ҷамолиддин Абдуллозода ба Ҷумҳурии Исломии Эрон
Октябр 29
13:20 2022

Бо мақсади густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳа, табодули таҷрибаи табибони ду кишвар, ҷорӣ намудани усулҳои нави ташхис ва табобат, ҳамзамон ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти коргарди гиёҳҳои шифобахш ва дигар масъалаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 23 то 27 октябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Исломии  Эрон қарор дошт.

Дар ин сафар Ҷамолиддин Абдуллозодаро ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Муҳиддин, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Хушвахт Шарифзода, директори Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» Хуршед Рустамзода ва директори генералии ҶДММ “Сифат Фарма”  Холов Шералӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар доираи сафари корӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Теҳрон бо Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Баҳром Айнуллоҳӣ  вохурӣ намуд.

Маврид ба зикр аст, ки соҳаи тибби Ҷумҳурии Исломии Эрон махсусан, соҳаҳои гуногуни беҳдоштӣ, дармонӣ ва улуми пизишкии  ин кишвар, аз қабили чарроҳии дил, табобати бемориҳои чашм ва пайвандсозӣ шуҳрати ҷаҳонӣ дорад.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни вохурӣ бо Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон  иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи ҳифзи солимии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёти давлат ба шумор рафта, он дар даҳсолаи охир ба дастовардҳои назаррас ноил гаштааст, ки ин аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон шаҳодат медиҳад.

“Ҳоло давлати мо дар самти тараққиёт қадамҳои устувор гузошта, дар бисёр нишондиҳандаҳо дар минтақа пешсаф мебошад. Афзудани теъдоди муассисаҳои тандурустии давлатӣ, бунёди  бунгоҳҳои саломатӣ, коҳиш ёфтани нишондиҳандаи фавти модарон ва кӯдакон аз дастовардҳои беназири  даврони  соҳибистиқлолии мамлакатамон мебошанд”,- иброз дошт номбурда.

Дар ин росто,  иттилоъ дода шуд, ки то соли 2013 раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Тоҷикистон ба зимаи ду вазорат: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардида буд, ки баъдан бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 бо мақсади ҳамгироии масъалаҳои мазкур ва ба танзим даровардани фаъолияти муштараки ҳамоҳангшуда дар сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил гардида, пешбурди сиёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба зимаи ин вазорат вогузор карда  шуд.

Дар идомаи вохурӣ Ҷамолиддин Абдуллозода вобаста ба гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ба Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Ҷумҳурии Исломии Эрон доктор Баҳром Айнуллоҳӣ  иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки роҳбарияти Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир  намуда, бо мақсади ривоҷ додани соҳаи дорусозӣ дар  кишвар корхонаҳои зиёди хуру калон ба кор дароварда шудаанд.

Дар анҷоми вохурӣ ҷонибҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳо дар бахши ҳифзи иҷтимоӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти тайёр намудани  дору аз гиёҳҳои шифобахш ва дигар масъалаҳои мавриди назар ҳавасмандии хешро иброз намуданд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки дар самти ҳифзи иҷтимоӣ “Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таовун, кор ва рифоҳи иҷтимоии Ҷумҳурии Исломии Эрон” ба имзо расидааст, ки он маҷмӯи ҳамкориҳоро оид ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ, васеъ намудани робитаҳои бевосита байни мақомотҳои идоракунии тандурустӣ дар асоси принсипҳои умумиэътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ба танзим медарорад.

Ҳамзамон дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо роҳбарияти Донишгоҳи улумпизишкӣ ва илми Маҳшад, Донишгоҳи улумипизишкии ба номи Шаҳид Биҳиштӣ ва Донишгоҳи улумипизишкии шаҳри Шерози Ҷумҳурии  Исломии  Эрон вохурӣ намуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар бемористонҳои тобеи Донишгоҳи улумипизишкии шаҳри Шероз гузаронидани ҷарроҳиҳои бениҳоят мушкил, ба монанди  пайвандсозии узвҳо, аз ҷумла ҷигар, гурда, ғадуди зери меъда, мағзи устухон, стенткунонии мағзи сар, ангиопластикаи ҷигар, кимиёдармонӣ ва радиатсионӣ барои табобати навъҳои гуногуни саратон, ҷарроҳии дилу рагҳо гузаронида мешавад.

Гуфта шуд, ки вохӯрии имрӯза ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омӯзиш, бозомӯзӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмию амалии якдигар, машварат ва гуфтугӯ мусоидат хаҳад кард.

Ҳамзамон дар вохуриҳо ҳамкориҳои муассисаҳои олии таълимии мамлакат, аз ҷумла Муассисаи давлатии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ин муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин самт як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Дар маҷмӯъ, сафари кории Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самти боз ҳам густариш додани ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 949
  • 1,242
  • 949,969