Изҳори тасаллият

Изҳори тасаллият
Ноябр 02
20:01 2022

Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даргузашти собиқ сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Рабеҷонов Маҳмудҷон андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум сабру шикебоӣ мехоҳад.

Рабеҷонов Маҳмудҷон 9 сентябри соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1973 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1973 то соли 1976 дар Омӯзишгоҳи тиббии Ленинобод ба номи академик Павлов ба вазифаи муаллим ба донишҷўён сабақ додааст.

Баъдан соли 1976 дар шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникии шаҳрии № 1-и шаҳри Хуҷанд бо таври гузариш ба фаъолият пардохт ва то соли 1979 дар ин ҷо кор карда, ҳамон сол ба шаҳри Маскав рафта, то соли 1981 дар заминаи кафедраи ҷарроҳии калонсолони Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Пирогов курси ординатураро гузаштааст.

Пас аз хатми ординатура боз ба шуъбаи ҷарроҳии калонсолони Беморхонаи клиникии шаҳрии № 1-и ш.Хуҷанд ҳамчун ҷарроҳ ва аз соли 1983 то соли 1993 ҳамчун мудири шуъбаи ҷарроҳии калонсолони шуъбаи беморхонаи болозикр фаъолият намуд.

Хизматҳои шоёни ӯро ба инобат гирифта, соли 1993 Рабеҷонов Маҳмудҷонро ҳамчун сарҷарроҳи ғайривоҳидии Раёсати тандурустии вилояти Суғд, соли 1994 сартабиби Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд ва баъдан соли 1996 сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъйин намуданд, ки дар ин вазифаҳои пурмасъул ва заҳматталаб то соли 2008 адои вазифа намуд.

Соли 2008 ҳамчун табиби ҷарроҳ ба Маркази давлатии воҳидии ташхис ва муолиҷавии назди БКШ №1 шаҳри Хуҷанд ва баъдан ҳамчун муовини директори маркази номурда фаъолияташро идома бахшида, то охири умр баҳри барқарор намудани саломатии шаҳрвандони шаҳру навоҳии вилоят хизматҳои босазо намуд.

Рабеҷонов Маҳмудҷон тули фаъолияти хеш худро ҳамчун табиби ҳозиқу фидоии касб нишон дод. Ӯ мураббии даҳҳо шогирдон буд, ки бештари онҳо то охири умраш дар паҳлуяш кору фаъолият намуда, бархе аз онҳо ҳатто сазовори номзади илми тиб гардидаанд.

Хизматҳои шоёни Рабеҷонов Маҳмудҷон бо даҳҳо Ифтихоронома ва Сипосномаҳо қадрдонӣ шудааст.

Номи неки Рабеҷонов Маҳмудҷон ҳамеша дар хотираи неки ҳамкасбон ва дӯстону наздиконаш боқист.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 683
  • 1,242
  • 949,703