Қубодиён: Ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобат дар Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон”

Қубодиён: Ворид намудани усулҳои нави ташхис ва табобат дар Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон”
Ноябр 04
15:27 2022

Бо мақсади беҳтар намудани сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ  ба аҳолӣ дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба аз ҷониби табибони кишвари Швейтсария  ва дар ҳамкорӣ бо табибони тоҷик дар Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” як қатор усулҳои нави ташхис ва табобат ворид карда шуданд.

Аз 23 октябр то 2 ноябри соли равон дар муассисаи мазкур аз ҷониби табибони Тоҷикистону Швейтсария ба беморони дорои бемориҳои сангдори талхадон, руда, беморони гирифтори чурраҳои шикам ва ғайра  ба таври ройгон ҷарроҳиҳои усулҳои пешрафтаи ҳозиразамон  гузаронида шуд. Ба ғайр аз ин,  табибони Швейтсария ҳамарӯза дар ташхису гардиши беморон дар шуъбаҳои муассиса иштирок намуда, оиди табобати беморон ба табибони муассиса маслиҳату машварат пешниҳод менамоянд.

Инчунин, аз ҷониби меҳмонон ба табибон ва кормандони миёнаи тиббии муассиса дарсҳои омӯзишию назариявӣ ва амалӣ гузаронида шуда, ба онҳо усулҳои ҷарроҳии бехавф бо истифода аз таҷҳизоти ҳозиразамони эндоҷарроҳӣ  омӯзонида шуданд.

Ҳамзамон табибони Швейтсария  ба муассисаи номбурда як қатор асбобҳои ҷарроҳии эндоскопӣ ва як дастгоҳи ташхисии фаросавтӣ  тақдим намуданд.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 685
  • 1,242
  • 949,705