4 ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони “Таҳлили ҳолатҳои критикӣ дар муассисаҳои таваллудии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022” ҷаласаи корӣ доир гашт, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, шарикон оид ба рушд, роҳбарони як қатор таваллудхонаҳои вилоятҳо ва шаҳру навоҳии мамлакат иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ ҳудуди 50 нафар, ки аз гурӯҳҳои омузондашуда аз чор ноҳияи пилотӣ ва таваллудхонаҳои вилоятӣ ҷалб шуда буданд, иштирок намуда, пешрафт, мушкилот ва дурнамои таҳкими низоми назорат ва вокуниш ба фавти модаронро дар асоси таҷрибаи худ фаъолона муҳокима карданд.
Ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон, бартараф намудани мушкилот ва камбудиҳои ҷойдошта аз ҷониби Зулфия Абдусаматзода ба масъулини таваллудхонаҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.