ТУРКИЯ: ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО ВАЗИРИ ТАНДУРУСТИИ ИН КИШВАР ФАҲРЕТТИН КОҶА ВОХУРӢ НАМУДА, ИНЧУНИН АЗ НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҶҲИЗОТИ ТИББӢ ДИДАН КАРД

ТУРКИЯ: ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛОЗОДА БО ВАЗИРИ ТАНДУРУСТИИ ИН КИШВАР ФАҲРЕТТИН КОҶА ВОХУРӢ НАМУДА, ИНЧУНИН АЗ НАМОИШГОҲИ  БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТАҶҲИЗОТИ ТИББӢ ДИДАН КАРД
Ноябр 13
00:53 2022

Дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон” сохтмон, ва таъмиру барқарорсозии як қатор иншооти тандурустӣ ва ҷиҳозонидани  онҳо бо таҷҳизотҳои тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо назардошти тамоми талаботи меъморӣ барои дар сатҳи зарурӣ амалӣ шудан ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани сохтмони иншоотҳои  тандурустӣ, инчунин, шиносоӣ ва омӯхтани таҷрибаи ин кишвар 7 ноябри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Туркия сафар  кард.

Нахуст дар доираи сафари корӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар шаҳри Анқара бо вазири тандурустии Ҷумҳурии Туркия Фаҳреттин Коҷа вохурӣ  анҷом дод.

Зирк гардид, ки айни замон ҳамкориҳои ду кишвар дар баробари соҳаҳои гуногун, дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ хуб ба роҳ монда шудаанд.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркия дар соҳаи тандурустӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҳамзамон, дар доираи сафари мазкур вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат аз намоишгоҳи байналмилалии таҷҳизоти тиббӣ, ки рӯзҳои 8-10 ноябри соли 2022 дар шаҳри Анталия баргузор  гардид, дидан намуд.


Дар ин намоишгоҳ таҷҳизот ва лавозимоти муосири тиббӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, ки ҳар кадоми он дар самти ташхис ва табобати беморон нақши муассир доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 740
  • 1,242
  • 949,760