Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд
Ноябр 13
17:28 2022

13 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маркази саломатиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншооти нави соҳаи тандурустӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир бунёд гардидааст.

Бинои маркази саломатӣ аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, дорои 34 ҳуҷраи корӣ ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Бо таъсис ёфтани маркази саломатӣ 40 нафар мутахассиси соҳа бо ҷои кори доимӣ таъмин гардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо имкониятҳои фароҳамгардида дар муассисаи нави тиббӣ аз корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки бо истифода аз шароити муҳайёшуда кормандони соҳаи тандурустӣ дар самти дастрасии аҳолӣ ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ содиқонаю софдилона фаъолият намоянд.

Дар ошёнаҳои якум ва дуюми бинои маркази саломатӣ нуқтаи бақайдгирӣ, гӯшаи гиёҳдармонӣ, ҳуҷраҳои осебшиносӣ, доругузаронӣ, ҷарроҳӣ, хатна, табобати дандон, духтури занона ва ҳуҷраҳои табибони оилавӣ ҷойгир шудааст.

Дар таҳхонаи бино бошад, толори маҷлис бо 60 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи физиотерапевтӣ бо ду кати хоб мавҷуд мебошад. Маркази саломатӣ бо таҷҳизоти замонавии соҳавӣ, аз ҷумла дастгоҳи рентгении рақамӣ, ултрасадо ва сабти барқии дил ва озмоишгоҳ муҷаҳҳаз карда шудааст.

Ба иттилои масъулон то ин дам дар ҳудуди деҳоти Ҳайдар Усмонов дастгоҳи рентгении рақамӣ мавҷуд набуд ва сокинон барои тахшиси рентгенӣ ва осебшиносӣ ба маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанд мерафтанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки дар фаъолияти касбӣ дар баробари истифодаи усулҳои муосири хизматрасониҳои тиббӣ ба бахши гиёҳдармонӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар раванди табобати беморон аз гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ бештар истифода баранд.

Ифтитоҳи маркази саломатӣ дар деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  13.11.2022

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,025
  • 1,242
  • 950,045