Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Президент ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Президент ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ноябр 16
12:44 2022

Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Иҷлосияи ХVI  Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 16 ноябри соли  равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Ҳамоиши идона бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Баъдан, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони сарбаланди Тоҷикистони биҳиштосоро ба муносибати ин ҷашнҳои фархунда табрику шодбош намуд.

Сипас, сармутахассиси Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ва технологияҳои муосири вазорат Фируза Абдуллоева оид ба ин ҷашнҳо маърӯза намуд.

Гуфта шуд, ки  16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида буд.

Дар тақвими ҷашну маросимҳои расмии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаест муборак, ки  аз 16 ноябри соли 2016 ин ҷониб ҳар сол таҷлил мегардад. Ин рӯзро  бо итминон Рӯзи сидқу вафо ба миллату давлат номидан мумкин аст. Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Парлумони кишвар, ба хотири  арҷгузорӣ ба хидматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст.

Қайд гардид, ки тӯли Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба марҳилаҳои пурпечутоби таърихӣ дучор  ва  ба санҷишҳои зиёд рӯ ба рӯ гардида, маҳз бо талош ва заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вартаи ҳалокат раҳо ва ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик тавонист оташи ҷанги шаҳрвандиро хомӯш намояд ва ба Ваҳдати миллӣ бирасад.

Ғояи сулҳ, оштии миллӣ, авфу ҳамдигарбахшӣ аз муҳимтарин паёмҳои  Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки аз рӯзҳои аввали интихоб шуданашон ба вазифаи пурмасъулияти Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта шуданд ва ин паём минбаъд низ ҷавҳари асосии тамоми барномаи  фаъолияти эшонро ташкил  дод.

Мо имруз ифтихор аз он менамоем, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъ эътироф карда, мавриди омӯзиш қарор додааст.

Бо талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба худшиносии миллӣ расид ва тайи ин солҳо Пешвои миллати тоҷикон дар самти эҳёи фарҳангу арзишҳои миллӣ, ташаккули худшиносии миллӣ ва рӯҳияи ягонаи миллӣ қадамҳои устувор гузоштанд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ барои рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, танзими фаъолияти соҳа ва таҳкими пойгоҳи моддиву техникӣ ва омодакунии кадрҳои баладихтисоси ин самти афзалиятнок ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ намуданд.

Басо рамзист, ки соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти олии мамлакат ба шумор рафта, дар давоми  солҳои соҳибистиқлолӣ бомаром рушд карда, то ба имрӯз ба пешравиҳои назаррас ноил гардидааст.

Маҳз заҳмат ва талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо кунад.

Боиси ифтихор ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки имрӯзҳо Пешвои муаззами миллати моро дар саросари олам ҳамчун сиёсатмадори варзида ва ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 715
  • 1,242
  • 949,735