Ба истифода додани бинои нави Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода

Ба истифода додани бинои нави  Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода
Ноябр 18
15:33 2022

Бахшида ба ҷашнҳои муҳими таърихӣ, 30-юмин солгарди Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  имрӯз, 18 ноябри соли равон дар шаҳри Турсунзода бинои нави Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода” мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Асозода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломуддин Юсуфӣ ва устодону донишҷӯёни коллеҷи мазкур  иштирок намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки сохтмони бинои нави коллеҷи мазкур моҳи апрели соли ҷорӣ оғоз  ёфта буд.

Бинои нави коллеҷ аз 4-ошёна иборат буда, дар он 17-синфхона, 1-китобхона, утоқи Маркази миллии тестӣ, толори машваратӣ ва синфхонаи лингофонӣ мавҷуд мебошад.

Дар Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода” 10-кафедра ва 3-факулта амал мекунад, ки дар он донишҷӯён аз рӯи 9-ихтисос таълим мегиранд.

Ёдовар мешавем, ки солҳои зиёд донишҷӯёни  ин даргоҳи таълимӣ дар бинои иҷора таҳсил мекарданд. Акнун баъди ба истифода додани бинои наву замонавӣ ин мушкилӣ бартараф шуд.

Зимни ифтитоҳи  иншооти таълимӣ таъкид гардид, ки бинои наву замонавии Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода” дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаи тиб бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Нотиқон зимни суханронии хеш кулли устодон ва донишҷӯёни коллеҷи мазкурро ба муносибати ифтитоҳи бинои наву замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири таълимӣ табрику муборакбод намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал оварданд, ки ҷавобан ба чунин ғамхориҳо, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодаанд, донишу малакаи худро рушд дода, оянда ҳамчун мутахассисони соҳибкасб ба халқу Ватан хизмат намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,038
  • 1,242
  • 950,058