Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамоиши идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ноябр 23
19:11 2022

Имрӯз, 23 ноябри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, роҳбарони як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе, сардорони раёсат, мудирони шӯбаҳо ва дигар кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Ҳамоиши мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Сипас Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат бо сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо кулли сокинони шарафманди Тоҷикистонро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, таманнои онро намуд, ки бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои софу беғубори Ватани азизамон парафшон бошад.

Қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.

Гуфта шуд, ки мақсад аз таҷлили санаи мазкур эҳтиром ба ин рамзи давлатӣ, бедор намудани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносии шаҳрвандони мамлакат, аз ҷумла насли ҷавон мебошад.

Имрӯзҳо бо шарофати ҷавонпаҳлавонони тоҷик Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи баланди ҷаҳонӣ парафшон гардида, боиси ифтихору сарфарозии кулли тоҷикистониён мегардад.

Бо парафшон гардидани Парчами давлатӣ ва садо Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ эҳсоси ватандорӣ дар қалби ҳар соҳибватан бедор мешавад.

Баъдан, муовини якуми вазир Ғафур Муҳсинзода оид ба таърихи пайдоиш ва мақому манзалати Парчами давлатии кишвар маърӯза кард.

Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар баробари парчамҳои давлатии кишварҳои абарқудрати олам дар созмону ташкилотҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мебошад.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва вазифадор аст, ки Парчами давлатии кишварро эҳтиром намояд. Ба ин муқаддасот арҷ гузорад, зеро, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ин эҳтиром ба миллат ва давлати хеш мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ филми кӯтоҳе вобаста ба Парчами давлатии Тоҷикистон пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баландтарин парчам, ки дарозии сутуни он 165 метр аст, рӯзи 24-уми майи соли 2011 дар шаҳри Душанбе барафрохта шуд.

Дар ин замина, ёдовар шудан ба маврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориашон ба шаҳру навоҳии мамлакат майдонҳои Парчами давлатӣ ва Нишонро мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳанд, ки ин гувоҳ аз эҳтироми хосаи Роҳбари давлат ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла, ба Парчами давлатии кишвар мебошад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 708
  • 1,242
  • 949,728