Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад

Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
Декабр 05
09:55 2022

Бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва таҷрибаи пешқадам дар соҳаи системаи маблағгузории тандурустӣ ва кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз 28 ноябр то 2 декабри соли равон  намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз  сардори Раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Абдуфаттоҳзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Рухшона Насриддинзода, муовини вазири молия Сарвар Қурбониён ва муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Нурулло Маҳмадуллозода  бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Туркия қарор доштанд. Илова бар ин, дар ҳайат намояндагони раёсат ва бахшҳои асосии ҳар як вазорати дар боло зикргардида, аз ҷумла аз вилоятҳои Суғду Хатлон, инчунин Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардиданд. Дар ин сафар шарикони рушд ва коршиносони байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба маблағгузории тандурустӣ низ ширкат намуданд.

Дар шаҳри Анқара хайати  Тоҷикистон бо намояндагони муассисаҳои давлатии тандурустии Туркия, ки дар таъмини нигаҳдории солимии аҳолии ин кишвар нақши муҳим доранд, мулоқотҳои дуҷониби анҷом доданд, аз ҷумла муовинони вазири тандурустии  Тоҷикистон ва Туркия вобаста ба таҳкими шарикии стратегии ду кишвар ва дастгирии татбиқи минбаъдаи ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон дар доираи Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030  мубодилаи афкор намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Туркия дар соҳаи ислоҳоти системаи тандурустӣ, алалхусус дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ таҷрибаи бой дорад. Мубодилаи афкор ва муҳокимаи ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия имконият медиҳад, ки таҷрибаи пешқадамро дар робита ба ҷорӣ намудани механизмҳои нави маблағгузории соҳаи тандурустӣ, беҳтар намудани дастраси ба хизматрасониҳои тиббӣ ва пешрафт дар самти ноил шудан ба фарогирии умумии тиббӣ ва ҳадафҳои рушди устувор муайян карда шаванд.

Ҳамзамон, дар доираи сафари корӣ, ки бо дастгирии СУТ сурат гирифт, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як қатор муассисаҳои тибби шаҳри Анқара дидан намуда, бо фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,066
  • 1,242
  • 950,086