Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти омодагии муассисаҳои тандурустӣ барои муътадил гузаронидани фасли зимистон дидан намуд

Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти омодагии муассисаҳои тандурустӣ барои муътадил гузаронидани фасли зимистон дидан намуд
Декабр 06
16:55 2022

Бо мақсади шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар давраи зимистон, беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, баррасии масъалаву мушкилоти ҷойдошта ва таҳлили вазъи соҳа роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафар намуда, аз рафти хизматрасонии тиббии муассисаҳои соҳа боздид менамояд.

Бо ин мақсад  имрӯз, 6 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо фаъолияти Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” ва  Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуд.

Зимни боздид Ҷамолиддин Абдуллозода аз рафти  фаъолияти муассисаҳои мазкур дидан намуда, инчунин бо рафти омодагии онҳо барои муътадил гузаронидани фасли зимистон шинос шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо мақсади муътадил гузаронидани фасли зимистон дар муассисаҳои мазкур ба таври кофӣ маводи хӯрока ва доруворӣ захира гардида, шӯъбаҳои беморхонаҳо пурра бо гармӣ таъмин мебошанд.

Аснои боздид Ҷамолиддин Абдуллозода ба роҳбарияти муассисаҳои болозикр ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба беморон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Қобили зикр аст, ки дар сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мақоми хоса дошта, ҷиҳати беҳтар намудани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 953
  • 1,242
  • 949,973