Имрӯз, 14 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи коршиносони байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар ҳайати Сатиш Мишра, Кахал Морган ва Сю Эител мулоқот намуд. Дар мулоқот ҳамзамон муовини вазир Шодихон Ҷамшед, сардорони раёсат ва шуъбаҳои дахлдори вазорат иштирок намуданд.
Нахуст Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмононро ба вазорат хайрамақдам гуфта, аз ҳамкориҳои мутақобилан судманди вазорат бо ин ташкилоти бонуфуз изҳори қаноатмандӣ намуд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи ташрифи ҳайати ТУТ ба Тоҷикистон-ин таҳияи тавсияҳо ва муайян намудани самтҳои стратегӣ дар доираи лоиҳаи муштарак оид ба таҳкими соҳаи тандурустӣ дар кишвар, таҳлили вазъи соҳаи тавонбахшӣ ва таҳияи лоиҳаҳо дар самти пурзӯргардонии тавонбахшӣ ва воситаҳои ёрирасон, инчунин расонидани мусоидати фаннӣ дар чаҳорчубаи Барномаи “Маъюбият ва барқарорсозӣ барои солҳои 2023-2028” мебошад.
Зимни вохурӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии соҳаи тавонбахшӣ дар кишвар мубодилаи афкор намуда, вобаста ба рушди соҳа тавсия ва пешниҳодоти худро ироа намуданд.