Қаноатмандии Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҳамкорӣ бо сохторҳои тандурустӣ ва рушди минбаъдаи ин ҳамкориҳо

Қаноатмандии Бонки умумиҷаҳонӣ аз ҳамкорӣ бо сохторҳои тандурустӣ ва рушди минбаъдаи ин ҳамкориҳо
Декабр 17
11:39 2022

Ҳамкориҳои  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар ҳоли пешрафт қарор дошта, фаъолиятҳо дар самти дармонгоҳӣ ва ташхисию табобатӣ ба хубӣ ба роҳ монда шудааст.Яке аз ин шарикони боэътимоди Тоҷикистон Бонки умумиҷаҳонист, ки аз тарики лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҳамкориро босамар ба роҳ мондааст. Дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ чанде аз чунин лоиҳаҳо фаъолият доранд, ки Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” яке аз онҳост.

Дар айни замон  як гуруҳи калони коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ барои таҳияи лоиҳаи нав дар самти ҳифзи солимии аҳолӣ ва рушди соҳаи тандурусӣ, дар ҷумҳурии мо бо сафари корӣ қарор доранд. Лоиҳаи ҷадид “Миллати солим” унвон гирифта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои “Стратегияи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то солҳи 2030” кумак хоҳад кард.

Дар  раванди муайян намудани самтҳои мушаххаси фаъолияти лоиҳа коршиносон бо роҳбарият ва якчанд сохторҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохуриҳо доир намуданд.

Вохурии навбатии ҳайати коршиносони Бонкуи Умумиҷаҳонӣ дар толори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ доир гардид. Сараввал роҳбари Хадамот Султон Бекмуродзода меҳмононро ба ҳузур пазируфта, онҳоро бо фаъолияти Хадамот  аз наздик шинос намуд. Ҳамчунин тарафҳо аз ҳамкории судманди Хадамот бо Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” изҳори қаноатмандӣ намуда, ба фаъолияти кормандони Хадамот дар гузаронидани верификатсияи дохилии  фаъолияти Лоиҳа, дар доираи пардохтҳои иловагии  механизма маблағгузорӣ  дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ), дар 16 ноҳияи таҷрибавӣ баҳои баланд доданд.

Свен Нилсен, иқтисодшинос, мутахассис оид ба иқтисодиёти тандурустии Бонки умумиҷаҳонӣ зимни боздид қайд кард, ки аз фаъолияти босамари Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ бо Бонки умумиҷаҳонӣ тавассути Лоиҳа огаҳии хуб дорад. Ҳамчунин мавсуф қайд кард, ки “Тавре аз вохуриву суҳбатҳо аён гардид, мутахассисони Хадамот дар фаъолият бо лоиҳаҳо, ҳалли аксари мушкилот ва расидагӣ кардан ба дархосту талаби аҳолӣ таҷрибаи хуб доранд. Мо ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо ва роҳу равиши  баъзе аз самтҳои  Лоиҳаи нав аз ин мутахассисон метавонем бисер чизҳоро омузем”.

Мутахассисони бахши тандурустии Бонки умумиҷаҳонӣ қайд карданд, ки таҷрибаи  пандемияи Ковид-19 нишон дод, ки шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар бахши тандурустӣ мавқеи хоса дорад ва дастгириву рушди ин самт хеле муҳим аст.  Шумораи аҳолӣ чӣ дар ҷаҳон ва чӣ дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст ва аз ин хотир ниёз ба хизматрасонии саривақтии тиббӣ низ меафзояд.  Мутахаассисон роҳҳои нисбатан тезтар ва босамари  расонидани кумаки тиббӣ ва дар баробари ин ҷалби аҳолиро барои фаъол будан дар ҳифзи саломатии хеш пешниҳод намуданд. Яке аз онҳо роҳандозӣ намудани пурсишномаҳо тариқи телефонҳои мобилӣ аст, ки роҳбарияти сохтор тавассути он метавонад аз пешрафту камбудӣ, бурду бохти  дурдасттарин сохтори  КАТС сари вақт огаҳ карда шавад. Соле ду маротиба гузаронидани пурсишномаи кормандони муассисаҳои  тандурустӣ  метвонад  роҳбаронро  аз ин вазъ огаҳ созад.

Чун Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ зимни фаъолият бо Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ” дар ин самт фаъолияти бештар доштанд ва гузашта аз ин тибқи Низомномаи кории худи Хадамот аслан бо назорати фаъолияти тиббиву фарматсевтӣ машғуланд, дар ин самт таҷрибаи бой доранд ва ба роҳ мондани механизми нав бо ин мутахассисон беш аз ҳама  самараноктар хоҳад буд, андеша доранд мутахассисону коршиносони Бонки умумиҷаҳонӣ.

Сардори хадамоти назорати давлатии тандурустӣ Султон Бекмуродзода ҳамчунин қайд кард, ки мутахассисон аллакай аз шакли муроҷиати  коғазӣ ё ру дар ру тадриҷан ба  муоширату муроҷиати электронӣ гузашта истодаанд. Механизмаи электронии муроҷиати шаҳрвандон, ки аз ҷониби Лоиҳаи “Беҳтар намудани хизматросонии титббӣ” бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ  пешниҳод гардид, дар пойгоҳи Хадамот фаъолият дорад ва робитаи байни  раёсатҳои Хадамот дар вилоятҳо ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба тариқи электонӣ  ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон тамоми аҳолии ҷумҳурӣ ва берун аз марзи он имконоти тариқи электронӣ муроҷиат карданро доранд. Мутахассисони Хадамот низ тариқи ин сомона имкон доранд сари вақи ҷавоби муроҷиаткунандаро  гардонанд.

Дар фарҷоми  суҳбат  коришиносони Бонки умумиҷаҳонӣ лоиҳаи  механизми пурсишномаҳои телефонӣ, роҳу усулҳои амалинамоии онро ба мутахассисони  Хадамот рӯнамоӣ карданд. Пурсишу посух ва ибрози андешаву пешниҳоди мутахассисон дар мукаммал сохтани ин система ба инобат гирифта хоҳад шуд.

Дар охири ҷаласа роҳбарияти Хадамот ва мутахассисони он омодагии худро барои ҳамкориҳои босамариминбаъда иброз намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 712
  • 1,242
  • 949,732