Декабр 17
11:53
2022
Имрӯз, 17 декабри соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода як қатор шаҳрвандони кишварро, ки бо масъалаҳои гуногун ба вазорат ташриф оварда буданд, қабул намуда, бо онҳо суҳбати озоду ошкоро анҷом дод.
Пас аз шунидани муроҷиати шаҳрвандон ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли фаврии онҳо ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.